Як кумиссиюни махсуси ҳукуматӣ ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ва ҷой доштани шиканҷаро аз сӯи асокири Амрико дар қиболи маҳбусони зиндони Парвон, воқеъ дар бошгоҳи ҳарбии Бағроми Афғонистон ошкор кардааст.
Бино ба хулосаи ин кумиссиюн, амрикоиҳо маҳбусонро бе тасдиқи ҷурмашон дар ин маҳбас нигоҳ медоштаанд ва ба онҳо шиканҷаро раво медидаанд.Ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷаи бемиқдор дар ҳоле ошкор шудааст, ки Ҳомид Карзай райисҷумҳури Афғонистон аз нерӯҳои Амрико тақозои вогузоштани назорати маҳбасро ба нерӯҳои дохилӣ кардааст. Бино ба тақозои Кобул Вашингтон дар муддати 1 моҳ бояд контроли зиндонро дар ихтиёри нерӯҳои дохилии Афғонистон вогузорад.Дар ҳамин ҳол, Вашингтон гуфтааст, қазияи ҷой доштани нақзи ҳуқуқи маҳбусон ва шиканҷаро дар зиндон мавриди таҳқиқ қарор хоҳад дод.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |