Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо истифода аз бақияпулии буҷаи маҳаллӣ сохтмони як мактаби нав идома дорад.
Тибқи иттилои Тағай Иброҳимов, роҳбари дастгоҳи райиси ноҳия, ҳанӯз соли 1975-уми асри гузашта дар маркази ноҳия омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ сохта шуда буд. Баъди истиқлолият ин даргоҳи таълимӣ тақрибан аз фаъолият бозмондаву биноҳои хобгоҳи он фасоду валангор шуданд. Роҳбарияти ҳукумати маҳаллӣ соли гузашта бо Вазорати маорифи кишвар ба мувофиқа омаданд, то хобгоҳи муассисаи мазкурро аз нав таъмиру барқарор намуда, як мактаби нав барои муҳассилини ноҳия бунёд намоянд.
Дар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқароргардонӣ беш аз 1 миллион сомонӣ харҷ шудааст, ки ҳамаи он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ мебошад. Бунёди мактаб соли 2010-ум оғоз гардида, ҳанӯз ба итмом нарасидааст ва масъулин ният доранд то соли хониши нави соли 2012-ум онро пурра ба истифода диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати маориф низ кӯмак намуда, бар худ гирифтаст то ашёи хониш ва таҷҳизоти дарсиро барои ин мактаб аз ҳисоби вазорат таъмин намоянд.
Маврид ба ёдоварист, дар ноҳияи Ҳамадонӣ 49 мактаб фаъол буда, соли равон сохтмони боз як муассисаи таълимӣ, литсей-мактаб барои хонандагони болаёқат ба анҷом расида, мавриди истифода қарор мегирад.
Мӯҳр