Президенти Амрико Барак Обама эълом доштаст, ки дар сурати зарурӣ ӯ метавонад боз як гурӯҳи дигари «спетсназ»-ро ба Покистон фиристад. Агар муайян гардад, ки «кадоме дар ин мамлакати шарқӣ андешаи куштори амрикоиҳо ва иттифоқчиёни онҳоро дошта бошад» - таъкид кардааст Обама.
Зимни як мусоҳибаи ахири худ бо BBC раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, «мо ба истиқлолияти Покистон арҷ мегузорем, аммо ба касе намегузорем, ки дар пайи куштори одамони мо ва иттифоқчиёнамон амалу нақша дошта бошанд. Ва дар мавриди иҷрои ин гуна тарҳҳо, наметавонем ором бишинем». Вобаста ба ин баромадаш, Обама «сафари такрории «гурбаҳои баҳрӣ»-и гурӯҳи махсуси ҷангии амрикоиро, ки 2-май террористи рақами 1, Усома бини Лоданро ба ҳалокат расонда буданд, аз эҳтимол дур намедонад. Бояд гуфт, ки амалиёти зидди Усома бини Лодан, муносибати миёни ин ду давлатро ба сардӣ кашида буд.Президенти ИМА ҳамчунин дар сӯҳбаташ бо BBC гуфтааст, ки ҷониби Амрико барои барҳам задани ҷанг дар Афғонистон омода аст, то бо Толибон дар гуфтушунид нишинад.
Мӯҳр