Айни ҳол дар шимоли Тоҷикистон 23 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият мекунанд.
Тибқи иттилои ҳукумати вилоят, ин муассисаҳои ҷаҳонгардӣ дар самти туризми экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ – этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд.
Манбаъ мегӯяд, ширкатҳои мазкур асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Чкалов, Айнӣ ва Панҷакент фаъолият доранд, ки сол то сол теъдодашон зиёд мегардад.Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, табиӣ, рушди туризми экологӣ-варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бедор намудани ҳисси ватанпарастию табиатдӯстӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили «Сайёҳони ҷавон» таъсис дода шудааст.
Мӯҳр