Боздиди ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир аз Тошканд натиҷа дод.
Тибқи иттилои расида, созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шоми рӯзи гузашта (5-уми январ) ба тасвиб расида, нархи нави газ тасдиқ гардид. Аз ин ба баъд Ӯзбакистон ҳазор метри мукааб газро барои Душанбе 285 доллар хоҳад фурӯхт. Чанде қабл ин нишондод 311 доллар барои 1000 метри мукааб муайян гардида буд. Гуфтанист, Тошканд дар соли 2012 ба Тоҷикистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад.
Ёдрас менамоем, интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба ҷумҳурии мо рӯзи 4-уми январ бе огоҳии пешакӣ қатъ гардида буд. Сабаби қатъи газро бошад, ба таъхир дар имзои қарордод миёни “Тоҷиктрансгаз” ва “Узтрансгаз” барои соли 2012 бастагӣ дод.
Мӯҳр