Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд. Гуфтанист, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои саноат, комплекси сўзишворию энергетикӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёту коммуникатсия, геология, нафту газ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард ва иншооти гидроэнергетикӣ, корҳои мелиоративӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкориро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад, ба Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия роҳбарӣ мекунад.
Ҳамзамон, сарвазири кишвар, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад. Муовини якуми нахуствазир роҳбарии соҳаи иқтисодиётро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат менамояд.
-Муовини аввал, аснои набудани нахуствазир вазифаҳои ўро иҷро менамояд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |