Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2011 аз тарафи кормандони мақомоти интизомии шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 376 кг 802 гр маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли ҷорӣ 307 кг кам мебошад: «Дар 12 моҳи соли 2010 аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 683 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд».
Гуфтанист, аз ин миқдор ( 376 кг), зиёда аз 22 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 4 кг гурӯҳи бангдона, 320 кг афюн ва 28 кг дигар намудҳоро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 209 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр