Хабарнигори радиои "Коммерсант ФМ" бо насаби Эггерт тасмими нашр накардани карикатураҳои паёмбари Ислом Муҳаммад алайҳиссаломро аз ҷониби нашароти аврупоӣ ифодаи тарсуӣ хонд.
Ҳарчанд, ки мавзӯи сӯҳбат баҳси Анқараву Порис дар мавзӯи “геносиди арманиҳо” буд, аммо Эггерт, бо он ки Фаросаро барои бастани даҳони мардум дар мавзӯи “геносиди арманҳо аз сӯи туркҳо” гунаҳкор кард, иловатан ба мавзӯи карикатураи Муҳаммад паёмбар (с) дахл карда гуфт: “Дақиқ бояд кард, ки дар чӣ гуна кишваре зистан мехоҳед, дар Амрико ки ба осонӣ ин карикатураҳоро нашр карданд, ё дар кишвари аврупоӣ, ки аз ҳарос нашри онҳоро (манзур карикатураҳоро) мамнӯъ карданд? Ман умедворам ки Русия аз ин банди тарс раҳо хоҳад ёфт ва барои ҳар нафар ҳар чизе ки гуфтан мехоҳад, иҷозаи ибрози ақида хоҳад дод”.
Ин барои бори аввал нест, ки Эггерт бо чунин лаҳн нисбати мусулмонон ибрози ақида мекунад. Ин ҷаноб чанде қабл ба мавзӯи бархӯрдҳои мазҳабии Миср дахл карда, бе ҳеч далел созмони мусулмонии “Ихвон-ал- муслимин” ро барои қатли масеҳиён ва ҳарбиён гунаҳкор карда буд.
Мӯҳр