Бахшҳо
05 янв 2012 10:13Адабиёт

Вандами тоҷик

Ту Вандамӣ? - дод зад "каллакалони урус"

Анвори хуршеди нисфирӯзӣ ба чашмонаш расида, тобу тавонаш рабуданд. Сих зад сараш ва ӯ вопас дидагони худ натавонист боз кунад. Олами равшан дар нигоҳи кундаш ба ранги садгесӣ дар ҷилва омад. Гоме чанд сӯйи даҳлез биниҳод ва аммо аз вазнинии сараш мувозинаташро гум карда, аранге даст-даст карда, деворро дошта, оҳе амиқу ҷигарсӯз аз сина берун кашид. Аъсобаш таранг гардидаву дарди занандае, мағзашро дар қабзаи худ дошта, меафшурду меафшурд. Беҳузур шуд дилаш, ту гӯйи панҷае ноошно онро бераҳмона кашида берун баровардан мехост. Рангҳои садгесӣ ҳамчунон ҷилави чашмони пӯшидаш дар бозиву рақс буданд. Вай дигар ихтиёри хеш аз каф бидод ва фарёде баланд кашид:
-Айнакҳоям, айнакҳоям!
Тарап тарапи қадамгузорӣ ба хонаи гӯшаш ворид гардид. Ҳамсараш ба таъҷил во бинамуд дарро ва давидаву такон хӯрда, аз дастони шавҳар доштанд.
-Ман ҳамин ҷоям, ҳамин ҷоям.
Чият шуда, отаи Комрон?
- Дарди сарам хурӯҷ карда,-бо садои хафиф хиттоб намуд мард ва пояшро оҳиста кашида, лаҳзае бо пойи муаллақ монд дар ҳаво.
Танҳо лаҳзае. Пас-он дасти хештан бар китфони ҳамсараш муттако бинмуду лаб газид.
- Айнакҳоям куҷостанд? Кош айнакҳоям мебуданд… Ин чӣ Нури тезу халандае ба чашмонам зӯр меоранд. Маро ин умр дорад барои минбаъд ба сахтиҳо хоҳад гузашт.
Ва мард дандон ба дандон монда, то ҷое таҳаммул пеша карда, бо ёварии ҳамсараш берун баромад. Ин дам буд, ки Шоҳид писари дуввуми мард курсиеро овард то падар андар болои он бинишинад ва нафасе ба фароғати рӯҳ гузаронад. Низ аз ҷаъбаи ҷавоне айнакҳои падарро дарёфта овард ва мард онро рӯйи чашмонаш бигзошт.
"Ҳамин ҳоло ҳамааш мегузарад Худо хоҳад, - пичиррос зад зери лаб мард ва чуқур- чуқур нафас кашид. Замистон, аз барфи дирӯз замин сап- сафед, оҳарзада. Ҳаво хело ҳам ботаровату тоза ва танҳо бӯйи дуди ҳезуми бухориҳо ба димоғ мезад."
"Мегузарад ин дарди дерин. Сарам ки сабук шуд, рангҳои мулавван ба тадриҷ тунук гардида, марзи дидагонам софу равшан мешаванд. Худоё, чашмони бино чӣ гавҳари нодири Худованданд. Худо накунад, ки аз ин неъмати яздонӣ маҳрум гардад. На , на…" Тасаввури ин ҳол мардро карахту забуну нотавон ва оҷиз ҷилва доданд. Тарсид хаёле "Кош то охири умр аз дидангони равшан бенасиб намонам, кош"
Даме, ки мард, як- ду пиёла чойи сабзро нӯши ҷон бинамуд (вай одатан дар ҳини авҷи маризияш ҷойи сабзро менӯшид) то ҳадде ба худ омад ва аз пушти пардаи рангоранги оҳиста оҳиста аз пеши чашмонаш дурахшонро ба мушоҳида гирифт, парвози селаи кабӯтарони дастомӯзи набераш ба ҳуш овардаш.
"Шукр, шукри сарнавиште, ки Худованд маро лоиқ дидааст. Шукри тани сиҳат…
-Бархезед, тезтар ҷонатонро ба ягон тараф каҷ кунед.
-Ҷумбед, ҷумбед, ки ҳамин ҳоло полисҳои рус медароянд ба ин ҷо.
-Ҳадаҳа кунед, ки агар дастаи "Омон"-ҳо биёянд, ягон хел раҳм надоранд.
Довар (ҳамин падари Комрон), ки хаставу бемадор ҳолиё аз кор баргашта буд, дасту рӯ мешуст, ба шаст ба хонаи худ давида даромад. Хабари шуму наҳсро рафиқашон- Неъматтулло оварда буд. Вақти фикру андешаи зиёди дигар набуд. ?ву ҳамдеҳагонаш , ки чор нафаранд ва дар ин утоқи равшану барҳавои хобгоҳи шаҳри Новокузнетски Русия рӯз мегузарониданд, осемаву ошуфтасар либосҳои худ бадар кардаву тозатару хонагияшонро пушида, ҳамакнун аз дар баромаданд, ки дар роҳрав ҳангомаву ҳаёҳуеро шуниданд. Ҳо алакай дер карда буданд! Як туда низомиён либосҳои ало- було дар тан дар такопуву тохт сӯйи онон қадам мезаданд. Таппончаву автомат дар камару дар даст, низ бо таёқҳои резинӣ мусаллаҳ буданд. Ҳар чаҳор нафарро ба девор рост монда, ҳуҷҷату аснои шаҳрвандӣ талаб карданд. Шиносномаҳову хатти зисти эшон бо худ гирифта, бо дашному ҳақорат пеш пеш карда бароварданд аз бинои хобгоҳ онҳоро ва андар мошини сабзфоми низомие савор карда, бурданашон.
Дар кадом шӯъбаи милисаи шаҳри Навокузнетск пурсупосух оғоз гардид. Шаш-ҳафт тан ҷавонони дигари тоҷикро низ дар шафати ин чаҳор нафар саф ороста, суолҳои зиёде медоданд. Баъди пурсишҳои расмӣ ва тахт намуданди варақҳои ҷиноятӣ як нафар аз низомиёни рус, ки хеле болобаланду қавиҳайкал ва фарохшонаву каллакалон ба чашм мерасид, ба саф наздик шуда, асои ғафси резинияшро бозӣ даронда, бо садои амирона, вале хирросии худ хитоб кард:
-Дар байни шумо, тоҷикҳо, Вандам ҳаст ё не?
На посухе, на ҷавобе. Ҳама сархам ба фикр фуру рафтаанд. Чӣ бигӯянд?

- Ҳозир месанҷем,- бо танаффур ба ҷавонон нигариста ғурунгид каллакалони низомӣ.
- Канӣ якто-якто ба пеш бароед! Ин амр буд ва ҷавони хароби наҳифпайкаре пеш баромад.
- Ту Вандамӣ? - дод зад "каллакалони урус"
- Не, не, - овозаш ларзида ҷавоб дод он ҷавон. -Ман куҷову Вандам куҷо?
- Анна ба ту,- полиси барзангисурат бо тамоми қуввату нерӯ бо асои резинӣ ба сари ҷавон фаровард, ки ӯ бо ҷуссаи ларзонаш тараппӣ ба рӯи фарш афтод.
- Анна ҳамин хел,- лабонашро пок намуд полиси рус.- Ту Вандам нестӣ, аз ҷоят намехезӣ то амру фармон нашавад. Ва бад-ин оҳангу шева он ҳафт нафарро хобонида, охир рӯймолча аз киса берун бароварда, арақи сару рӯ тоза намуд ва каноре рафта, андар курсии мулоиме нишаст. Қаҳва нӯшидаву сигарет бикашид. Пас-он бархост зи ҷову ба наздӣ чаҳорнафара омад.
- Хӯ-уш ки бошад,- пасу пеш қадам афрошта луқма партофт "ҷаллоди каллакалон" Ба ман бигӯед, ки дар байни шумо "Вандам" ҳаст ё не?
Ва интизори посух нигардида, асои резинӣ сари рафиқони Довар-падари Комрон бардошт. Заду рӯйи фарш афтонд, чун дар навори синамо.
Ба довар наздик шуд, ки бас бошукӯҳу ҷиддӣ метобид ба назар. Хоса, нигоҳи тези ӯ аз сипари ҷони полиси рус мегузашт. Ана ҳамин нигоҳи барқвори Довар батамом нафорид ба ҷаллоди рус.
- Ту чӣ кораӣ? - бо асои резинӣ аз зери манаҳи Довар бардошт полиси бадрӯ. Вандамӣ? Спортсментӣ? Мастер спорт?
- Не ҷавоб дод Довар оромона. Ман, ман..
- Ман ба ту мегӯям: Вандами тоҷиконӣ?
- Ман ҳамагӣ як муаллимам.
- Ҳо муаллими забон ва адабиёти модарии худ.
Боз ҳам сокит монд Довар, ки он айём 35 ё 36- сола буд.
"Ҷаллоди каллакалони" рус асои худ пас кашид ва дафъатан сигор оташ дод ва бо ситеза ҷониби Довар нигоҳ афканд.
- Ман ба ту мегӯям, муаллим,- хитоб кард дубора полиси "фошист" Ту Вандамӣ?
Муаллим ҷавоб надод.
- Агар ту гӯйи, ки Вандам нестам, амонат медиҳам, - асояшро бозӣ доронд ҷаллод. Ҷонат халос азобат намедиҳам. Ту охир, педагог-ку!
Ва якбораву нохост ғазабаш ҷӯш зад:
- Ту Вандамӣ мегӯям? Ҳо, канӣ бигӯ! - дод зад полис.
- Оре ман Вандамам, - бо сари баланд рост ба чашмони "каллакалон" нигарист Довари муаллим.
- Вандамам! Чӣ мехоҳӣ аз ман?
- Ҳо лаънатие, - комилан ғазаболуд асои резинӣ боло бардошт полис. Ҳе очаи зората…
Ва асо ба ҳаво баланд мешуду бармехӯрд ба ҷумла пайкари чандири муаллим. Вале… вале ӯ тамоми нерӯи худро ҷамъ карда, саъй менамуд, ки аз пой нафтад. Вай ҳеч намехост назди ин руси ноинсон муттаҳаму хиҷолатзада ва мағлуб гардад. "Каллакалон" чун лолаи даштӣ сурху арақшор мегардид, аммо Доварро рӯйи фарш афтонда наметавонист. Садои ҳаш-ҳашкунии нафасаш аёнӣ ба гӯш мерасид.
Баъди лаҳзае… ӯ таппонча аз ғилоф кашида, дод зад:
- Ба Худо ман ин ҳайвони барзангиро мепарронам, мепарронам. Довар абгору афсурда, хун аз Лабу даҳонаш заҳида, ҳамоно рост меистод ва меларзид.
Нафаре аз "Омончиён" Давида, таппончаро кашида аз дасти "каллакалон" бигирифт ва ба дигар рафиқонаш рӯ овард:
-Мо ин ҷо чӣ кор мекунем?
Чӣ магар хода ранг мекунем?
Канӣ часпед ба ин педагоги паҳлавон? Мо ин Вандамро бояд шиканем, бояд чалпаки замин кунемаш.
Канӣ, марш, давай, часпидем!
Ва дастаи фврбеҳу шикамдамида, ки лабу лунҷашон аз ғояти сархӯшӣ арғувониву сурх метобиданд, якуякбора асоҳои резиниӣ ба сари Довар бардоштанд. Мезаданду мезаданд. Ин кӯбокӯб тақрибан ним соат идома ёфт. Довар оқибатуламр афтид бо Тани хуншору варамидаву кабуд рӯйи фарш, афтид монои як шаҳчинори тановари вазнин. Валек бо ин ҳама қаноат накарда, "каллакалон" бо асои резинӣ ҳамоно сари ӯ ба нишон бигрифта, мезаду мезад…
…Муаллим пас аз се рӯз ба ҳушомад. Ба ҳуш омад дар бемористони шаҳри Новокузнетск. Ва тӯли ду моҳ табобаташ карданд.
Ва аммо асари зарбаҳои бераҳмонаи "каллакалону" ёронаш корагар баромад. Инак пас аз гузашти 17 сол (воқеа соли 1995 рух дода буд!) Дарди сару майна ҳар лаҳзае варо ба марг наздик мекард. Чашмонаш хираанд, дурро намебинад.
Ва гоҳи зуҳури беморӣ Довар билкул чизеро намебинад. Бе айнак қадаме гузошта наметавонад. Ҳамдеҳагон лаҳзаҳои хурсандӣ дар сӯҳбатҳои ширини худ ба ёд меоранд:
-Ростӣ, муаллими Довар ҳақиқатан ҳам Вандами тоҷикон аст.
Мардонагиро бубин: як дастаи мусаллаҳ мекӯбанду мезанандаш, аммо вай аз по намеафтад. Мо нангу номуси тоҷикиро ҳамон вақт ба мушоҳида гирифтем.
Зинда бошӣ, Вандам, зинда бошӣ акаи Довар.!!!
Ман низ ба сӯҳбат ва дидори Вандами тоҷик охир мушарраф гардидам. Чӣ бахти бузурге!

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)