Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард
Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти Даниил Исломов, ҷавони 18-солаи тоҷикистонӣ, ки ба далоили динияш аз пӯшидани либоси низомӣ даст кашидааст, садо баланд кардааст.
Як гуруҳи кории назди Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид қазияи Исломовро омӯхта, аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ӯро озод намоянд.
Исломов, ки моҳи январи соли равон 18-сола шудааст, моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа ба хидмати ҳарбӣ равона шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки ба далоили эътиқодияш либоси низомиро намепӯшад. Ӯ худро пайрави ҷараёни “Шоҳидони Яҳво” гуфтааст, ки ба ӯ иҷозат намедиҳад, либоси низомӣ пӯшуда, суруду шиорҳои миллӣ хонад.
Гуруҳи кории СММ аз Тоҷикистон хостааст, ҳуқуқи Исломовро, ки бо далоили эътиқодияш огоҳона пӯшидани либоси низомиро рад кардааст, эҳтиром кунад. Ин ниҳод зикр кардааст, ки Исломов инчунин хостааст, то барои ӯ хидмати алтернативиро пешниҳод кунанд, аммо мақомоти тоҷик рад кардаанд.
Дафтари марказии “Шоҳидони Яҳво” дар Ню Йорк, аз изҳороти гуруҳи кории СММ, ки боздошти Исломовро худсарона эътироф кардааст, ҷонибдорӣ намуда, тақозо кардааст, ки ин ҷавон озод карда шавад.
“Шоҳидони Яҳво” созмони байналмилалии динии дорои равияи масеҳӣ мебошад, ки солҳои 30-юми асри гузашта дар Амрико пайдо шуд. Дар Тоҷикистон ин созмон соли 1997 фаъолияташро оғоз намуд, аммо соли 2008 додгоҳ ба далели нақзи қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ин созмонро баст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |