100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”-ро дар таҳрири нав қабул намуд, ки маконҳо барои тамокукаширо боз маҳдудтар кард.
Мирзомурод Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, қаблан шаҳрвандон метавонистанд дар ҳуҷраҳои махсуси биною иншоот аз маҳсулоти тамоку истифода намоянд, вале бо қабули тағйироти нав дигар чунин имкониятро надоранд: “Тибқи таҳрири нав шаҳрвандон ҳангоми кор 100 метр аз макони корияшон дур рафта, дар ҷойҳои махсус тамоку истеъмол менамоянд. Ташкили чунин ҷойҳо пешбинӣ шудааст, ки бояд аз бинои корӣ дур бошанд”.
Камолзода афзуд, дар таҳрири нав як қатор мафҳумҳои нав, аз қабили катрон, чилим, нос ва регламентҳои техникӣ оид ба зарари маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, ворид гардидаанд: “Дар қонуне, ки соли 2010 қабул шуда буд, ин чизҳо набуд, ҳамчунин истифодаи сигори электроникӣ, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, мо дар лоиҳаи мазкур ворид намудем. Он ҳам мисли сигори оддӣ ба саломатӣ зарар дорад. Дар таркиби сигори электронӣ низ миқдори зиёди никотин ва дигар моддаҳои зараровар ба саломатии инсон вуҷуд дорад”.
Муовини вазири тандурустӣ таъкид кард, ки тарғиб ва ё ҳамчун маводи табобатӣ тавсия додани маҳсулоти тамоку, ки аз ҷониби бархе нафарон сурат мегирад, манъ гардидааст: “Дар аксари маврид гуруҳҳое, ки аз соҳаи тандурустӣ дуранд, маҳсулоти тамокуро ҳамчун маводи доруворӣ пешниҳод мекунанд, тарғиб мекунанд, ки ин манъ гардид. Маҳсулоти тамокуӣ ҳамчун маводи табобатӣ дигар набояд тавсия дода шавад”.
Ба гуфтаи Камолзода дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар аз маҳсулоти тамоку истифода мебаранд, ки мутаассифона миёни онҳо занҳо низ ҳастанд. Ӯ афзуд, бештари ҷавонон маҳсулоти тамкуиро истифода мебаранд, ки ин нигаронкунанда мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |