Маврид ба тазаккур аст, ки ин нашрия 10 сол инҷониб, аз моҳи марти соли 2002 дар Федератсия Русия чоп мешавад. Рӯзнома сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, бештар дар мавриди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, ҳаёт ва фаъолияти диаспораи миллии тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатии мо ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон матолиб ба табъ мерасонад.
Бино ба қавли Муҳаммади Эгамзод, муассис ва сардабири он, то имрӯз «Тоҷикони Россия» моҳе як маротиба бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр мешуд ва бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва созмонхои тоҷикон дар ҳудуди он кишвар ройгон паҳн мегашт: «Минбаъд нашрия бо сабку услуби тоза корро оғоз намуда, ҳафтае як маротиба дар Душанбеву Маскав дар як вақт нашр мешавад.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |