Бахшҳо

Паёмҳои Э.Раҳмон ва Мирзиёев дар бораи имрӯзу фардои муносибатҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев тарафайнро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар табрик кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба Мирзиёев изҳор доштааст, ки “Ӯзбекистони дӯст, аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи муоаккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон “раванди мусбати мутобиқ ба тақозои замон рушд ёфтани ҳамкориҳои ду кишварро тайи вақтҳои ахир” махсус таъкид кардааст: “Қобили таҳсин аст, ки ин соли ҷашнӣ бо сурат пазируфтани як силсила чорабиниҳои дуҷонибаи муҳим дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намоишгоҳҳои тиҷоративу саноатӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеаи миқёси робитаҳои мутақобилаи мо такон бахшиданд, таҷлил мегардад. Итминон дорам, ки Шумо дар оянда низ аз тамоми иқдомот ҷиҳати бо намунаҳои нави созанда афзун ва ғанӣ гардонидани муносибатҳои гуногунҷанбаи мо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ҷонибдорӣ хоҳед кард. Мо аз ҷониби худ барои мунтазам тақвият бахшидан ба ҳамдастию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи ба ҳам бародар мебошанд, тамоми кушишҳои заруриро ба харҷ хоҳем дод”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Шавкат Миромонович гуфтааст, “ба Шумо сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурсамаратон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон рифоҳ, сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.

Шавкат Мирзиёев дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “аз номи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо санаи муҳим – 25-солагии рӯзи барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон самимона табрик менамоям”.

Мирзиёев аз вохӯриҳо ва суҳбатҳои пурмӯҳтавои чанде пеш бо Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ натиҷаи онҳо ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамгироии амалии Ӯзбекистону Тоҷикистон такони ҷиддӣ доданд.

Дар мавриди вазъи феълии ҳамкориҳо Мирзиёев гуфтааст: Имрӯз ҳаҷми табодули мол ба тадриҷ меафзояд ва миқёси ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт густариш меёбад. Намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии муштарак, ки ба барқарорсозии робитаҳои дарозмуддати шарикии корхонаҳои пешсаф ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат карданд, муваффақона гузаронида шуданд. Бо талошҳои муштарак хатсайрҳои ҳавоии мустақим, ки пойтахти ҳарду давлатро мепайванданд, барқарор карда шуданд. Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам табодули фаъолонаи фарҳангӣ ва гуманитариро зикр намоям. Мардумонамон Рӯзҳои фарҳангии баргузоргардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шавқи бузург пазируфтанд. Ҳамкории рушдёбандаи судманд ва дастгирии мутақобилаи минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат ба ҳамгироӣ заминаи мусбат медиҳанд.

Дар идома Мирзиёев таъкид намудааст, ки “мо дар Ӯзбекистон ба тақвияти бештар бахшидани шарикии амалии дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо ҳавасманд буда, омодаем ба муносибатҳоямон хусусияти комилан нав диҳем ва онҳоро бо мазмуни амалан мушаххас комил гардонем. Мутмаинам, ки ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи Созишнома оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати мардумонамон густаришу таҳким меёбад ва ба хотири таъмини субот, амният ва рушди устувор дар минтақа хизмат мекунад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)