Ҷавони тоҷик дар роҳбарии "ДИИШ"-и Питер муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси Русия як зодаи 33-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки раҳбари намояндагии гуруҳи террористии ДИИШ дар Санкт Петербург ном бурда мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия номбурда аз суи мақомот 19 октябр дар вилояти Ленинград боздошт гардидааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар таблиғ ва ҷалби пайравон ба гуруҳи террористии “ДИИШ” тариқи WhatsApp, Telegram ва Zello муттаҳам мешавад.
Мақомоти рус мегӯянд, зимни кофтукоб аз хонаи боздоштшуда на танҳо адабиёти динӣ, балки таппонча бо тирҳояш, 50 грамм маводи мухаддир, ноутбук ва василаҳои алоқа дарёфт гардидаанд.
Ба иттилои мақомот ҳамчунин, як марди 28-сола ҳангоми амалиёт дар ноҳияи Невскии Санкт-Петербург дастгир шудааст, ки ба даъвати боздоштшудаи аввал ба “ДИИШ” гаравида, мебоист барои ҳамлаҳои террористӣ дар лагерҳои махсус таълим мегирифт. Аммо наздикони боздоштшудаи дуюм мегӯянд, ӯ озод шуда, дар парванда ҳамчун шоҳид баромад хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |