Натиҷаи ниҳойӣ. Ҷээнбеков 54,74% овоз гирифтааст
Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон натиҷаҳои ниҳоии раъйшумории дастии овоздиҳиро эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, Сооронбой Ҷээнбеков 54,74 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст. Омурбек Бабанов раиси ҳизби “Республика - Ота-Журт” 33,7, Адахон Мадумаров раиси ҳизби “Бутун Қирғизистон” 6,55 ва Темир Сариев раиси ҳизби “Оқ Шумкар” 2,57 дарсади раъйи сокинони Қирғизистонро соҳиб шудаанд.
Номзадҳои боқимонда аз як дарсад поёнтар раъй гирифтаанд.
Дар райъдиҳии 15 октябр 1 миллиону 692 ҳазору 423 шаҳрванди ҳаққи раъй ширкат кард. Ин нишондод 55,93 дарсади сокинони ҳаққи раъйро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |