20 октябр Рӯзи ҷаҳонии омор эълон шудааст. Ин сана дар 5 сол як бор ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бастагӣ “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик суол кард: ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОМОР БОВАР КУНЕМ Ё НА?
Саидабдулло НУРИДДИНОВ, иқтисоддон
Аслан дар кишвар ҳолати пешниҳоди омор ба мардум, ба ҷомеа ба маротиб кам шудааст. Дар зимн, суоле пайдо мешавад, ки оё дар кишвар омори дақиқ вуҷуд дорад? Агар ҳа, инро мо мушоҳида намекунем. Бубинед, масалан як хоҷагии қишлоқ оморҳоеро пешниҳод мекунад, ки вақти шунидан гумон мекуни тамоми кишварро онҳо бо ғалла таъмин месозанд. Ё корхонаҳои истеҳсолӣ рӯирост омори бардурӯғро ба “боло” пешниҳод мекунанд, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Хоҳем ки оморро дуруст ба роҳ монем, назоратро каме ҷиддӣ кардан лозим. Дар назди ҳар як хоҷагӣ ва ё корхонаҳо барои шаффофият ва назорати ҳисоботҳои оморӣ беҳтар аст, комиссияҳои назоратӣ таъисис ёбанд ва дар чунин сурат метавон дар оянда ба оморҳо бовар кард. Яъне, бо ин роҳ, назоратро ҷиддӣ кунем то оморҳоро бардурӯғ пешниҳод накунанд, вагарна барои мансаб ё вазифа омодаанд оморҳои бардурӯғро пешниҳод созанд, ки ин хок пошидан ба рӯи миллат ва давлат мебошад.
Абдумалик ҚОДИРОВ, таҳлилгар
Мутаассифона на ҳама вақт. Ва он ҳам вобаста ба он ки кай ва ба чӣ мақсад дар мо омор истифода бурда мешаванд. Баъзан мешавад, ки ин ё он қарорро аз Парлумон гузаронидан лозим мешавад, дар ин сурат мақомот омори “облвоҳима”-ро пешниҳод мекунанд. Масалан, вақте Вазорати адлия мехост, ки созмонҳои ҷамъиятиро водор кунад, ки оиди грантҳои гирифтаашон маълумот диҳанд ва пеш аз амалисозии лоиҳа аз онҳо ичоза гиранд, чунин як оморе пахш карданд, ки гӯиё ин созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамасола то 4,5 миллиард доллар грант мегиранду касе намедонад, ки ин пулҳо куҷо меравад. Ҳол он ки дар тули 25 соли истиқлол ба Тоҷикистон нисфи ин рақам грант ворид нашудааст. Агар чунин мешуд, “остонаи НПО-шникҳо аз зар мешуд” ва ҳама худро ба ин соҳа мезаданд. Ва ё мисоли дигар. Вақте ба наздикӣ мақомот хостанд ба Қонун дар бораи “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” тағйирот ворид намуда, ба мақомоти қудратӣ иҷозати назорат кардани фаъолияти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоиро диҳанд, онҳо чунин оморе оварданд, ки гӯиё ҳамарӯза мардуми тоҷик то НАВАД ҲАЗОР!!! паёмак аз экстремистҳову террористҳои эҳтимолӣ мегиранд. Ин мақомдор ҳамчунин илова намуда буд, ки аз 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба интернет дастрасӣ доранд, то 80 фоизашон, яъне 2,4 миллион!!! сайтҳои ба созмонҳои экстремистиву террористӣ мутааллиқро тамошо мекунанд. Саволи матраҳ ин аст, ки ин дуюним миллион мардум магар дигар коре надоранд? Ва чунин мисолҳо, мутаассифона, зиёданд. Ана ҳамин гуна “ноадолатиҳо” дар истифодаи омор касро водор мекунад, ки ба он бо шубҳа назар кунад.
Диловар ВАЛИЗОДА, муҳоҷири меҳнатӣ
Албатта бовар намекунам. Бештар ба марказҳои омори ғайридавлатӣ бовар кардан мумкин. Умуман, дарёфти оморе, ки воқеӣ бошад душвор аст, чи гунае ки хоҳанд, ҳамон хел навиштан мегиранд. Дар масъалаи шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ дар Русия оморҳое, ки ниҳодҳои дахлдор пешкаш мекунанд, шубҳанок аст.
Валӣ АЛИЕВ, бекор
Ёдам ҳаст, ҳар вақт ки барои саршумории чорво ё паррандаи хонагӣ меомаданд, ҳамсоягон ва наздикон ҳамеша омори бардурӯғ медоданд, ки ҳамагӣ як гов ва чанд сар чорвои хурд доранду халос. Яъне, ин омор ҳамеша ғалату дурӯғ буд ва то кунун ҳамин гуна боқӣ мондааст. Масъалаи дигар омори аҳолӣ аст. Мутаассифона, то кунун ҳолатҳои сари вақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд ҷой дорад. Масъалаи ба қайдгирӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Масалан, як нафар аз ноҳияи дурдаст ҳасту ба хотири кору зиндагӣ муваққатан ҷойи зисташро дигар кардааст ва вақти ба ҳисобгирӣ аз рӯйхат берун мемонад.
Холиқназар ҶУМАЕВ, журналист
На, ман ба омор на танҳо бовар надорам, балки борҳо чандин оморро зери шубҳа қарор додаам. Масалан, омори кишт ва истеҳсоли картошкаро мисол меорем. Соли гузашта фасли баҳор бо деҳқонони зиёде дар ноҳияи Панҷакент суҳбат дошам ва картошкаҳои киштнамудаи онҳоро бо омори ноҳия муқоиса кардам. Қариб 50 дар сад фарқият мавҷуд буд. Яъне, омори кишткардаи деҳқонон нисбат ба омори ноҳия 50 дар сад камтар ба назар мерасид. Ба суоли ман роҷеъ ба сабаби фарқияти зиёд раиси хоҷагии деҳқоние гуфт: “Моро маҷбур мекунанд, ки фалон қадар картошка бояд кишт кунем ва мо ноилоҷ ҳисобот медиҳем, ки ҳамон қадар кишт кардем ва тирамоҳ ҳисобот медиҳем, ки фалон қадар истеҳсол кардем. Дар асл қариб 50 дарсади супориши мақомотро мо иҷро намекунем, чунки барои ин на имконият дорему на заминҳоямон барои картошка мувофиқанд. Яъне, ончи ба мо мефармоянд, бе назардошти ба назар гирифтани имкониятҳои мо аст. Ва ман фикр мекунам, ки аксари омори мо ҳамин гуна натиҷагирӣ мешаванд”. Ё оморе, ки дар масъалаи танзим баён мекунанд ва хароҷоти як тӯи арӯсиро то 6-8 ҳазор сомонӣ баҳо медиҳанд, ки куллан боварнокарданист. Ҳама медонанд, ки агар хароҷоти умумии як тӯи арсӯри ҳисоб кунем, на камтар аз 20-25 ҳазор сомонӣ мешавад. Ва ман фикр мекунам, ки аксари омори мо ҳамин гуна натиҷагирӣ мешаванд.
Бижан МУҲАББАТШОЕВ, сокини шаҳри Душанбе
Шахсан бовари ман кам меояд. Чунон ки ҳисоботҳои омории ватанӣ мегӯянд, иқтисодиёти Тоҷикистон бояд мисли имрӯза набошад.
Иззат АМОН, вакили мудофеъ дар Русия
Бубинед, омори дақиқ доштан ба ҳар коре хуб аст, вале худи кормандони соҳаи омор мегӯянд, ки ҳисобу китоби мо нисбӣ аст ва ба куллӣ бовар кардан ба омор чандон дуруст ҳам нест, зеро рақамҳое бо сабабҳое аз зери назари омор дур мемонанд. Масалан омори маргуми мири муҳоҷирони тоҷикро омори расмӣ 600 то 700 нафар дар як сол мегӯяд, дар ҳоле ки ба ҳисоби мо аз 2000 бештар аст. Муҳоҷироне, ки дар худи ҳудуди Русия дафн карда мешаванд ба омори расмӣ ворид намешаванд, чунки аз мадди назари оморчиёни кишвар дур мемонанд.