Сешанбе, 1 Апрел 2025
Боздошти “рэкетир”-и шинохтаи солҳои 90 барои қатли соҳибкор
Мақомоти милиса аз боздошти Мансур Назаров, “яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноии шаҳри Конибодом дар солҳои 90-ум” хабар дод, ки дар ҳайати гуруҳаш аз соҳибкорон “доля” гирифта, саркашҳоро қатлу латукӯб мекардаанд.
Тибқи гузориши ВКД Мансур Назаров, соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом дар қатли соҳибкор Маҷидов Рауф, соли таваллудаш 1965 муттаҳам мешавад, ки нав ба фурӯши орд оғоз карда буд.
Манбаъ мегӯяд, Мансур Назаров 26-уми августи соли 1994 бо ҳамроҳии бародаронаш Назир, Фарҳод ва рафиқашон Шавкат Икромов дар назди чойхонаи деҳаи Кучкаки шаҳри Конибодом бо бародарон Ваҳҳоб ва Рауф Маҷидовҳо, соҳибони як нуқтаи ордфурӯшӣ муноқиша карда, онҳоро латтукӯб намудаанд. ВКД афзуд, Назаров аз Маҷидовҳо ҳиссаи муайяни фоидаро талаб карда, посухи рад шунидааст. Дар натиҷа гуруҳаш Маҷидовҳоро латукӯб намудааст, ки бо марги Рауф ва ҷароҳати Ваҳҳоб анҷом ёфтааст.
Тибқи иттилои мақомоти милиса баъди 23 сол Назаров боздошт гардида, кофтукоби аъзои дигари гуруҳаш идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |