“Разбор”-у теғкашии маргбори табибони оянда дар Душанбе
Баҳси ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо “разбор”-и гуруҳии маргбор дар соҳили дарёи Душанбе анҷомидааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса 11-уми октябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳодиса аз мунозираи кӯчак миёни Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов, донишҷӯёни соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ оғоз гардидааст: “Сипаси макони “разбор” назди дарёи Душанбе интихоб гардида, аз ҷониби Қурбоналиев Дилшод шариконаш Музаффар Холиқов, Самандар Ҷонмаҳмадов, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва аз ҷониби Қурбон Каримов наздиконаш Фаррух Каримов ва Парвиз Сайфуллоев ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Зимни латукӯб Самандар Ҷонмаҳмадов бо корд ба Фаррух Каримов зарба зада, ба қатл расондааст”.
Маъмурини милиса мегӯянд, дар пайи ҳодиса Ҷонмаҳмадов фавран чипта харида, қасди парвоз ба Маскавро кард, аммо аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ боздошт гардид: “Иштирокчиёни ҳодиса боздошт гардида, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |