Муфтии Тоҷикистон табадуллоти нокоми Туркияро маҳкум кард

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо профессор Ҳасан Комил Йилмаз, муфтии шаҳри Истанбули Туркия дидору гуфтугӯ кардааст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот 16 октябр дар Истанбул баргузор шуд ва ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карданд: “Онҳо омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии наҳзат ва “ФЕТО” таъкид намуданд”.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот Саидмукаррам Абдулқодирзода “табаддулоти нокоми давлатиро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амал омода буд, маҳкум намуда, изҳор дошт, ки мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар ин самт ҳамкории лозимаро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кушиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз таъкид намуд, ки Диёнати Ҷумҳурии Туркия ҳамагуна табаддулотҳо, аз ҷумла табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, маҳкум менамояд".
Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, дар ин мулоқот таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон ва Туркия пайравӣ аз як мазҳаби ягона, яъне мазҳаби ҳанафӣ мекунанд, ки он дар ҳарду кишвар ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст: “Абдуқодирзода ва доктор Ҳасан Камил Йлмаз таъкид кардаанд, ки яккамазҳабӣ омили муҳими сулҳу субот дар замони кунунӣ ба шумор меравад. Муфтии Истамбул дар фарҷоми мулоқот изҳор дошт, ки ходимони Диёнати Туркия омодаанд, ки бо Шӯрои уламои Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани мазҳаби ҳанафӣ ҳамкории судманди бештаре дошта бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |