Ҳукми Бадалиевҳо барои муноқишаи маргбор бо Наибовҳо эълон шуд
Додгоҳи вилояти Хатлон се узви хонаводаи Бадалиевҳоро, ки дар ноҳияи Панҷ ба чӯпонӣ машғул буданд, барои муноқишаи маргбор ба 27 ва 25-солӣ равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон маҳкумшудаҳо Бадалиевҳо дар мавзеи доманакуҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм, Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ба чарондани молҳои калони шохдор, майда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ машғул будаанд ва бо чӯпонҳо Наибовҳо, ки дар ин мавзеъ фаъолият мекардаанд, барои обу чарогоҳ хусумат доштаанд: “Дар ин мавзеъ бародарон Наибовҳо- Наим, Раҳим, Шоназар ва домоди онҳо Додарбеков Т.М., низ бо нигоҳубини чорво машғул будаанд. Дар пайи як муноқиша барои чapoгoҳ ва чоҳи об санаи 8-уми ноябри соли 2016 Бадалиевҳо бо асочуби чупониашон ба пушти сару миёну пойҳои Наибов Шоназар зарбаҳои зиёд задаанд. Дар натиҷа ҷабрдида аз ҳуш рафта ба дохили чоҳи обгирӣ афтидааст”.
Додситонӣ мегӯяд, дар пайи ин Бадалиевҳо тарҳи қатли Додарбеков, домоди Наибовҳоро кашидааст, ки тахминан дар масофаи 400 метр дурӣ ба нигоҳубини чорвои машғул будаст: “Онҳо ба назди Додарбеков рафта, дар пайи латукӯб ӯро ба қатл расондаанд”.
Манбаъ афзуд, додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии парванда Бадалиев Ф.Ж-ро ба муҳлати 27 сол, Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А-ро ба муҳлати 25 солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |