Ҳалокати марди 36-сола дар пайи чаппа шудани “ЗИЛ” ба дарёи "Сорбоғ"
Бар асари чаппа шудани боркаш дар шарқи Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса шоми 16 октябр ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ меафзояд, Абдулхайров Сайғуфрон, сокини 31-солаи деҳаи Нимичаки ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат дар километри 25-уми роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода идораи мошини “ЗИЛ ММЗ-455”-ро аз даст дода, онро аз баландии 35-метр ба дарёи “Сорбоғ” чаппа мекунад: “Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Тоиров Ҷунайдулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Нимичак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.
ВКД мегӯяд, ҳоло ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |