Дар ин бора Шафқат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Манбаъ гуфт: «Бо сабаби аз ҷониби ҷумҳурии Ўзбакистон қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҷануби Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият мондани нуқтаҳои пуркунии гази табиӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри микроавтобуси №22, автобусҳои хатсайри №1, №2, №12 ва №37, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, ба мусофирон нороҳатӣ оварданашон мумкин аст».
Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар хатҳои сайри Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ ва Ҷамъиятҳои хусусии ба мусофиркашонӣ машғулбудаи шаҳр зиёда аз 100 адад воситаҳои нақлиёти тамғаҳои автобус ва микроавтобус, ки бо гази табиӣ фаъолият менамоянд, ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Зимнан, бо назардошти ҳолати ҷойдошта шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи нақлиётӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти бо дигар намуди сўзишворӣ фаъолияткунанда, норасогии ба амал меомадаро бартараф созанд.
Ҳукумати пойтахт аз сокинон ва меҳмонони Душанбе даъват мекунад, ки нисбати нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.
Ёдрас менамоем, чанд рӯз қабл Ӯзбакистон бе ягон огоҳии пешакӣ интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кард. Дар пайи ин, сафири Ӯзбакистон ба вазорати умури хориҷа даъват шудааст, то паёми ҳукумати Тоҷикистонро ба кишвараш бирасонад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |