Э.Раҳмон хостори ҳамкории бештар бо Фаластин шуд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октябр бо доктор Риёз ал Маликӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини давлати Фаластин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо Давлати дӯсти Фаластин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад ва дар роҳи тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ бояд дар якҷоягӣ талошҳо ба харҷ дода шавад.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақвию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода омодагию ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ҷонибҳо пайваста гузаронидани машваратҳои сиёсӣ, истифодаи имконоти робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, ташкили муколамаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулотро дар кишварҳои ҳамдигар тадбири муҳими тақвиятдиҳандаи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |