Даъвати Э.Раҳмон аз кишварҳои арабӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, фарҳангу тамаддуни исломиро бидуни зикри номҳои Абӯалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо тани дигар наметавон тасаввур кард. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иброз дошта, таъкид намудааст, ин фарзандони фарзонаи Мовароуннаҳр дар ғанисозии тамаддуни башарӣ ва пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Президент дар ин иҷлосия, ки имрӯз, 16 октябр дар Душанбе доир шуд, афзуда, “мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем”.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, пешбурди ҳама гуна иқдомоти созанда танҳо дар шароити субот ва амнияти пойдор имконпазир аст: “Зимнан, мо чунин мешуморем, ки амнияту суботи комил дар кишварҳои арабӣ омили калидии рушди ҳамаи давлатҳои исломӣ мебошад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдори ҳалли мусолиматомезу одилонаи ҳамаи низоъҳо ва буҳронҳое мебошад, ки ҳоло дар кишварҳои алоҳидаи мусулмонӣ ҷараён доранд”.
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ ҳанӯз ҳамкориҳои Тоҷикистону кишварҳои арабӣ ба таври муносиб ба роҳ монда нашудаанд ва ҳиссаи кишварҳои арабӣ дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним фоизро ташкил медиҳад. Раисҷумҳур афзуда, кишварҳои арабиро ба ҳузури бештари иқтисодӣ, иштироки фаъолона дар сармоягузорӣ ва истифодаи муштараки захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон пайваста даъват ва ташвиқ мекунанд: “Мушоҳида мешавад, ки аксри давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо таваҷҷуҳи бештар ба давлатҳои ғарб доранд. Дар баробари ин, давлатҳои мо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ доранд, ки метавон онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо давлатҳои арабӣ истифода намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон бо мақсади беҳбуд бахшидан ба шароити сармоягузорӣ зиёда аз 70 намуди имтиёз барои сармоягузорӣ ва 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андоз пешбинӣ гардидааст. Президенти кишвар қайд намудааст, ки баробарҳуқуқии сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии ҳуқуқи сармоягузорон, дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва ҳимояи қонунии манфиатҳои сармоягузорон аз ҷумлаи кафолатҳое мебошанд, ки дар қонунҳои Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд: “Доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои арабӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои зикршуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамкории созандаро ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ намоянд”.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, захираву сарватҳои бойи табиӣ ва табиати нодиру нотакрори Тоҷикистон барои сармоягузорони арабӣ манбаи даромади зиёд шуда метавонад. Ӯ дар идома қайд кардааст, ки то ба имрӯз ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабӣ, ба монанди бунёдҳои рушди Саудӣ, Кувайт, Абу Забӣ ва амсоли онҳо дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳимми зербиноӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, вале ин дар муқоиса бо ҳаҷми сармоягузории дигар давлатҳо ночиз аст. Раисиҷумҳри кишвар иброз намудааст, ки соҳибкорону сармоягузорони арабӣ метавонанд дар доираи барномаҳои давлатии мо бар асоси манфиатҳои барои ҷонибҳо судманд дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва бахшҳои ояндадори он фаъолона иштирок намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |