Иззат АМОН
Чанд рӯз қабл бо даъвати яке аз марказҳои илмию таҳлилии Омӯзишҳои авруосиёӣ барои ширкат дар як нишасте бахшида ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва равандҳои сиёсию амниятӣ озими Амрико гаштам. Нишаст дар яке аз муътабартарин донишгоҳҳои дунё -- Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон доир гашт. Дар ин донишгоҳ, ки дар паҳнои ҳудуди 20 гектар замин ҷойгир гаштааст, бештар аз 10 000 донишҷӯ аз саросари дунё машғули таҳсилу омӯзишанд.
Зиёда аз 400 донишманду таҳлилгар аз тамоми гӯшаву канори дунё барои ширкат дар ин нишаст даъват шуда буданд. Масъулони марказ барои меҳмонони мусалмони ин нишаст шароити таҳорату иқомаи намоз ва низ хуроки бо забҳи ҳалолро таҳия карда буданд (бубинед, каромати инсониро). Чизе ки таваҷҷуҳи маро дар ин донишгоҳ бештар ба худ ҷалб намуд, пӯшиши донишҷӯдухтарони мусалмон буд, ки бидуни кадом мушкил дар тан либоси исломӣ ба дарс ҳозир мегаштанд. Бо чанде аз онҳо суҳбат карда, пурсидам, ки оё барои пӯшишашон аз ҷониби раҳбарияти донишгоҳ кадом монеъае эҷод шуда, дар ҳайрат монда мегуфтанд, магар ҳамчун коре дар ҷойе имкон дорад?
Дар тахтае ки исми донишҷӯёни мумтози донишгоҳ дар он навишта мешавад, акси донишҷӯдухтари узбактабор Нодира Ҳамроеваро дидам, ки бо пӯшиши исломӣ дар қатори акси дигар донишҷуёни мумтоз овезон буд. Нодираро тули 5 соли таҳсилаш дар донишгоҳ барои баҳои аъло ҳукумати Амрико ба стипендияи президентӣ сарфароз гардонидааст.
Воқеан бароям ғайриоддӣ буд, ки дар як донишгоҳе бо ин бузургӣ устодеро пайдо накардам, ки дар тан куртаву шалвор ва бо галстуку бо мошин ба дарс ҳозир гардад. Он ҳолате ки дар донишгоҳҳои мо роиҷ гашта аст. Бештари устодону донишҷӯён ба воситаи дучарха ба донишгоҳ меоянд. Яъне, арзишҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷомеъаҳои ғарбӣ ва хоссатан дар донишгоҳҳо касеро барои пӯшишаш баҳо намедиҳанд. Мағзу майна, идроку фаҳм ва сатҳи таҳсил дар ин ҷомеъаҳо арзиш дорад, на матоъи ба тан пӯшида. Дар ҷомеъаҳои шарқӣ ва хоссатан дар кишвари мо билфарзе беҳтарин устод ҳам ки бошад, агар куту шалвору галстук надошта бошаду каме ришаш расидагӣ бошад, иҷоза намедиҳанд аз дари донишгоҳ ворид гардад.
Ширкатҳои амрикоӣ ва низ ҳукумати Амрико барои баргузор намудани ин нишаст маблағи зиёде харҷ кардаанд, то мағзҳоро гирди худ ҷамъ оваранд. Дар ин рӯзҳо, ки медонем худи Амрико мушкили иқтисодӣ дорад, чӣ лозим буд харҷи ин ҳама маблағ барои доир намудани ҳамчунин нишаст? Миллатсозӣ ва кишварсозӣ корест басо мушкил ва муҳлатталаб. Ин раванд бештар ба файласуфон ва сиёсатшиносон маълум аст. Вақте дар кӯчаҳои кишварҳои ғарбӣ қадам мезанӣ хуб эҳсос менамоӣ ки ин миллатҳо ва кишварҳо танҳо дар асоси фикр бунёд ёфта, рушд намудаанд. Фикр ҳам замоне рушд менамояд, ки шароит барояш фароҳам бошад. Паямбари Ислом (дуруду раҳмати Худованд бар ӯ) ҳам дар як ҳадиси машҳур мефармоянд: “Тамоми амалҳо ба ниятанд...” (саҳеҳ Муслим). Яъне, аввал ният ё ҳамон фикр дар майна шакл мегираду баъд амалӣ мегардад. Агар шароити мусоид набошад, инсон на фикр карда метавонаду билфарзе агар фикр ҳам дошта бошад, онро амалӣ карда наметавонад.
Кишварҳои ғарбӣ, хоссатан Амрико ҳамчунин як шароити озоди фикрронӣ ва амалӣ гардонидани ҳамон фикрро ба сокинонашон муҳайё намудаанд. Агар дар натиҷаи фикр инсон тарҳеро дар зеҳни худ эҷод намуд ҳукумати Амрико тамоми шароитро барои соҳиби фикр муҳайё месозад, то ӯ битавонад тарҳи худашро амалӣ намояд. Ин стротежии Амрико (такя болои фикр) сабаб гашт, то ин кишвар абарқудраттарин кишвар дар дунё аз тамоми ҷиҳот гардад. Муҳити озоди фикрӣ мардонеро мисли Бил Гейтс, Марк Сукерберг, Стив Ҷобс ва ҳазорони дигарро тарбия намуда, ба ҷомеъа бахшидааст, ки будҷаи ширкатҳои аз ҷониби ин абармардон таъсисёфта чандин маротиба бештар аз будҷаи солонаи як қатор кишварҳост.
Арзишмандтарин чиз дар ҳоли ҳозир дар дунё фикр аст. Донишгоҳҳо солона садҳо ҳазор мутахассиси соҳаи сохтумону ҷарроҳию мошинсозию роҳсозӣ ва ғайраҳо хориҷ мекунанд. Аммо ҳамин донишгоҳҳо дар даҳсолаҳо имкони тарбия намудану хориҷ кардани як соҳибфикрро надоранд. Зеро барои ба воя расидани соҳибфикр ва мутафаккири масалан сатҳи ъаллома Икбол, ки дар донишгоҳҳои муътабари Урупо таҳсил дида аст, хеле заҳмат кашидан лозим меояд. Ҳамин аст, ки ҳукумати Амрико соҳибони фикрро дар ин кишвар ҷамъ намуда аст, то аз маҳсули тафаккури онҳо истифода бараду ҷомеъаро рушд диҳад.
Мутаассифона дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки каромати инсонӣ қадру қиммате надорад ва фикру тафаккуру соҳибфикр ҳам арзишу харидоре надорад, солона садҳо андешмандон аз кишвар кӯч мебанданд. Соҳибфикрон чун мебинанд ки дар кишвари худ арзишу харидоре надоранд, тарҳҳои худро берун аз хоки Тоҷикистон амалӣ гардонида истодаанд.
Ин мушкилӣ, яъне камбуди фикру тафаккур сабаб гашта, ки ҷомеъа дучори бунбаст гардад. Пас аз касби истиқлол чун фазо барои рушди фикр бо сабабҳои маълум мусоид набуд, мо натавонистем ҳатто як мутафаккири сатҳи шодравон Бобоҷон Ғафуровро ба ҷомеъаи башарӣ ҳадя намоем.
Ҳанӯз ҳам дар қайду банди сиёҳу сафед, шимолию ҷанубӣ, ришдору бериш дармондаем.