Пирӯзии Ҷээнбеков дар интихоботи Қирғизистон
Сооронбой Ҷээнбеков, собиқ сарвазири Қирғизистон тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар ғолиби интихоботи президентӣ гардидааст.
Хабаргузории 24 kg бо такя ба иттилои Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон гуфтааст, Ҷээнбеков аз Ҳизби сотсиал –демократии Қирғизистон 54,9%-и овозҳоро ба даст овардааст.
Ба иттилои манбаъ, Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳисоботро аз 97%-и марказҳои райъдиҳӣ ба даст овардааст, ки дар он Ҷээнбеков пешсаф аст.
Манбаъ мегӯяд, Омурбек Бабанов, рақиби асосии Ҷээнбековро аз ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ота-Журт" 564 ҳазор нафар ва ё 33,3%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ кардаанд. Номзадҳои дигар ба курсии президентии Қирғизистон, Адахон Мадумаров, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" 6,3% (108 ҳазор овоз додаанд), Темир Сариев , раҳбари Ҳизби "Оқ-Шумқор" 42,7 ҳазор овоз гирифтаанд.
Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон гуфтааст, дар интихобот 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Барои дарёфти курсии президентии Қирғизистон 11 нафар рақобат карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |