Бино ба иттилои масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, куштори номбурда дар шаҳри Ногински вилояти Маскав, дар манзили иҷораи онҳо воқеъ дар кӯчаи Спортивний-2 ба вуқӯъ пайвастааст. Тошматов дар натиҷаи зарбаи дарунаи косахонаи сар ва майна ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, сокини деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шералӣ Абдураҳимов дар қатли ҳамватанаш гумонбар дониста шуда, аз сӯи мақомот боздошт гардидааст: «Дастгиршуда бо қарори суди шаҳри Ногинск 22 декабр таҳти назорат қарор дорад. Ӯ бо иртикоби ҷиноят, тибқи моддаи 111, қисми 4 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марги ҷабрдида сабаб шудааст) айбдор эълом гаштааст.
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, хабари марги Раҳмон Тошматовро дар Русия ба намояндагии ин ин ниҳод дар Русия Манучеҳр Собиров ироа дошт: « 29 декабри соли 2011 ба намояндагии мазкур шаҳрванд Собиров муроҷиат намуд, ки 20 декабри соли 2011 ҳамдеҳааш- Тошматов Раҳмон Муродҷонович, аз қишлоқи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба қатл расонида шуд».
Манбаъ афзуд, намояндагии Хадамоти муҳоҷират ба сурати оҷил ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин барои гирифтани чипта барои Парвона Қодирова, хоҳари мақтул, ки тобутро бо ҷасад ба Ватан ҳамроҳӣ мекунад, кӯмак расонида, тариқи хатсайри Маскав-Ҳуҷанд ҷасадро ба Тоҷикистон фиристоданд.
Айни ҳол тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти пулиси Ногинск идома дорад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |