А.Шарифзода дар бораи Нуриддин Раҳмон: Деҳқоне, ки ҳама дӯсташ медоштанд (АКС)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри даҳҳо акс ва матлабе Нуриддин Раҳмон, бародари марҳуми Эмомалӣ Раҳмонро деҳқоне хондааст, ки ҳама дӯсташ медоштанд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода бо нашри матлаб дар сафҳаи фейсбукияш аз Нуриддин Раҳмон як деҳқони асил, заҳматкаш ва бисёр меҳнатдӯст ёдоварӣ намуда, гуфтааст, марҳум тамоми ҳаёташон бо мардум буданд ва барои зиндагии шоистаи мардум заҳматҳои зиёде кашидаанд.
“Озодагон” навиштаи Абдуфаттоҳ Шарифзодаро, ки зери унвони “Нуриддин Раҳмон - деҳқоне, ки ҳама дӯсташ медоштанд” нашр шудааст, бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:
Мақсади аз ин навиштаҳо дар саҳифаи фейсбук ёдоварӣ аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт ва фаъолияти Нуриддин Раҳмон, бародари Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, то хонандаи арҷманд каме ҳам бошад аз он меҳре, ки ман нисбати ин марди дарёдил ва саховатманд доштам, воқиф гардад. Бо амри тақдир ва иҷрои вазифаи хизматӣ дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ба ноҳияи Данғара сафарҳои зиёди корӣ доштем. Ва ҳар маротиба ҳатман дар хонаи акаи Нуриддин меҳмон мешудем ва аз меҳрубониву самимият ва суҳбатҳои хотирмонашон баҳравар мегаштем. Ҳамин суҳбатҳо, сафари якҷояамон ба Украина барои зиёрати қабри бародарашон ва махсусан ҳангоми таҳияи филми "Эмомалӣ Раҳмон: Марде аз сарнавишт", ки лаҳзаҳои аҷибу дилписанди он дар ноҳияи Данғара бо иштироки бевоситаи деҳқони асили тоҷик Нуриддин Раҳмон наворбардорӣ шудааст маро бо ин инсони шариф хеле наздик намуд.
Акои Нуриддин (руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад) қаду қомати расо, чеҳраи зебову нуронӣ доштанд ва як марди якдилу якруй, ҳалиму меҳрубон, самимиву меҳмоннавоз ва сахиву нексиришт буданд. Акои Нуриддин деҳқон буданд. Деҳқоне, ки панҷ панҷааш ганҷ меофарид. Деҳқони асил, заҳматкаш ва бисёр меҳнатдӯст буданд. Тамоми ҳаёташон бо мардум буданд ва барои зиндагии шоистаи мардум заҳматҳои зиёде кашидаанд. Рушду тараққиёти соҳаи кишоварзӣ ва умуман пешрафти тамоми бахшҳои хусусӣ дар ноҳияи Данғара ба ранҷу заҳматҳои ин инсони наҷиб низ рабт дорад. Овозаи кори неку номи некашон натанҳо дар Хатлону Бадахшон балки то Заҳматободу Зарафшон ҳам расида буд.
Ҳануз дар солҳои 70-80-уми қарни 20, овони як механизатори оддӣ буданашон мардуми ноҳияи Айнӣ дар хонаи акои Нуриддин меҳмон шудаву нону намакашонро бисёр хурдаанд, коҳу хошокашонро хеле фаровон ба Заҳматобод бурдаанд, то ки чорво дар водӣ талаф наёбад. Дар ин бора чандин маротиба аз забони мардуми Зарафшон ва нақлҳои худи Нуриддин Раҳмон шунидаам. Ҳар маротибае, ки акои Нуриддин бо ман суҳбат мекарданд, ҳатман аз кору бор ва аҳволи зиндагии мардуми минтақаи Зарафшон бо як самимияти хоса пурсон мешуданд.
Акои Нуриддин нангу номуси миллӣ доштанд ва хеле ватандӯсту меҳанпараст буданд. Ҳамон тоқии чоргули сарашон барҳақ рамзу намои тоҷикона дошт. Баъди суҳбат бо он кас дарҳол дарёфтан мумкин буд, ки акои Нуриддин воқеан дар оилае ба дунё омадаву тарбият ёфтаанд, ки он оила мардони сар то по бонангу баномус, бо ғайрату ҷасоратманд, ҳимматбаланду ва саховатманд дорад. Ба ин монанд, оилаи пур аз ҳикмат, пур аз меҳру муҳаббат ва пур аз самимияту садоқатро ман ҳануз дар ёд надорам.
Нафароне, ки филми "Эмомалӣ Раҳмон: Марде аз сарнавишт"-ро дида бошанд дар хотир доранд, ки суҳбати ду бародар Эмомалӣ Раҳмон ва Нуриддин Раҳмон болои кати ҳавлии қиблагоҳашон чӣ ҷаззобияту чӣ ҳаловате дошт ва суҳбати аҷибе буд, ки то дергоҳи шаб идома ёфта буд. Акои Нуриддин инсони хоксор, дилсуз ва меҳрубону самимӣ буданд. Касе бо ин деҳқони асилу меҳнатдуст паҳлу ба паҳлу ранҷ бурда бошад ганҷ ба даст овардааст. Ҷоятон ҷаннат ва руҳатон шод бошад акои дилбанди мо Нуриддин Раҳмон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |