Бахшҳо
13 окт 2017 09:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Tcell ба донишҷӯён кумак мекунад, то “шуғли рӯъёӣ” ёбанд

Ширкати Tcell дар доираи дастгирии соҳаи маориф барои донишҷӯёни донишгоҳҳои бузурги кишвар семинарҳо мегузаронад. Семинарҳо барои дарёфт ба кори сазовор аз сӯи Зарина Ғазарян, менеҷери шӯъбаи идоракунии лоиҳаҳои стратегии Tcell гузаронида мешаванд.

Нақшаҳои шавқовар барои ояндаи дурахшон дар замони донишҷӯйӣ аксар вақт бо норасои таҷриба омехта мешаванд. Ҳолатҳое мешавад, ки хатмкунандаи донишгоҳ кори мувофиқи хешро меёбад, аммо шарҳи ҳоли хуб пешниҳод карда наметавонад ва ё ҳангоми суҳбат ба хатоиҳои рафтор ва ё мантиқӣ роҳ медиҳад.

Дарсҳои “Суҳбат барои қабул ба кор” алакай дар ду донишгоҳи кишвар - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ҳамдастӣ бо марказҳои касбии донишгоҳҳои мазкур доир гашт. Ин марказҳо ба он нигаронида шудаанд, ки донишҷӯён барои гирифтани маслиҳатҳо ва пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат мекунанд.

Зарина Ғазарян, менеҷери шӯъбаи идоракунии лоиҳаҳои стратегии Tcell мегӯяд, “нахустин талаби корфармоён ҳангоми пешниҳоди ҷойи кор ин таҷрибаи корӣ аст. Ин масъалаи хело дардовар барои донишҷӯён аст, чун дар аввал онҳо умуман таҷриба надоранд ва агар таҷриба ҳам бошад, хеле кам аст. Миёни ҷавонон истеъдодҳо бисёранд, аммо онҳо бо сабаби набудани таҷрибаи корӣ ба андозаи кофӣ ҷуръат намекунанд ба ширкаҳои бузург ҳуҷҷат супоранд. Мо барои донишҷӯён як семинари кӯчаке таҳия кардем, ки дар он таҳияи “резюме” барои корро меомӯзем. Дар семинар донишҷӯён тавсияҳоеро дарёфт карданд, ки метавонанд ба ҷои таҷрибаи корӣ ишора кунанд, ки онҳо курсҳои ихтиёрӣ, курсҳои онлайнӣ ё таҷрибаи истеҳсолиро гузаштаанд ва ё дорои малакаҳои хос мебошанд”.

Дар қисми дуюми семинар, донишҷӯён моҳияти мусоҳиба ё мусоҳиба барои ба кор даромаданро омӯхтанд ва фаҳмиданд, ки чӣ гуна омода шудан, тарзи рафтор ва чӣ тавр бо ҷавоби мусбат аз назди корфармо баромад. Миёни иштирокчиёни семинарҳо низ озмун эълон шуд. Донишҷӯён вазифа гирифтанд, ки ҳама марҳилаҳои шомил шудан ба корро гузаранд, яъне кор ёфтан, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан ва аз суҳбат гузаштан. Дар мавриди ҳамаи мушкилоте, ки онҳо ҳангоми иҷро кардани вазифа ба миён меоянд, бояд ҳисобот диҳанд – иштирокчиён бо беҳтарин ҳисобот, новобаста аз муваффақият ё нокомӣ ҳангоми иҷрои “вазифа”, метавонанд барои гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ дар қисмҳои сохтории Tcell даъват шаванд. Донишомӯзон бо хурсандии зиёд гузариши таҷриба дар базургтарин ширкати мухобиротиро қабул карданд.

Донишҷӯёне ки ин курси омӯзишии Tcell-ро гузаштанд маълумотҳои амалиро гирифтанд, ки барои дарёфти кор дар оянда ба эшон кумак хоҳад кард.

Tcell, ба унвони як ширкати иҷтимоии масъул, аксар вақт дар чорабиниҳои омӯзишӣ таълимӣ ширкат мекунад.
Tcell ҳамасола таҷрибаомӯзон, коромӯзонро аз миёни ҷавонон, ки хоҳиши гузаштани таҷриба ва корро доранд, қабул мекунад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


Tcell ба донишҷӯён кумак мекунад, то “шуғли рӯъёӣ” ёбанд

Tcell ба донишҷӯён кумак мекунад, то “шуғли рӯъёӣ” ёбанд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)