Шукурҷон Зуҳуров: Дар баробари роҳи пулакӣ бояд роҳи алтернативӣ ҳам мавҷуд бошад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари роҳи пулакӣ, бояд роҳҳои алтернавтивӣ низ мавҷуд бошанд. Ҷаноби Зуҳуров ин нуктаро 11 октябр зимни қабули созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа” иброз дошт.
Раиси Маҷлиси намояндагон вақте дар масъалаи нигоҳдории роҳҳо суҳбат мешуд, дар хитоб ба Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бояд масъалаи гузаштани мошинҳои гаронвазн, ки боиси харобшавии роҳҳо мешаванд, ба таври ҷиддӣ назорат шавад: “Як масъули ҷавобгар бояд бошад. Аз гумрук, аз сарҳад гузаштан то сари ҳар роҳи алоҳидае, ки аз нав сохта мешаванд, бояд масъули ҷавобгар бошад. Боз оянда пулакӣ шаванд агар, умуман намемонанд гузаштан. Баъд мумкин беҳтар шавад, лекин имрӯз коре кунем, ки роҳҳо вайрон навашаванд. Барои роҳи пулакӣ сохтан мо бояд роҳҳои алтернативӣ дошта бошем, то одамҳое, ки масалан маблағу имконияти гузаштан надоранд, тавассути он ҳаракат кунанд”.
Ин ҳарфҳо дар ҳолеанд, ки чанд сол қабл ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахти Тоҷикистон бо шимоли он тавассути ширкати IRS пулакӣ шуд. Дар ин масир роҳи алтернативӣ мавҷуд нест ва ин ҳолат вокунишҳоеро дар пай дошт. Бар асоси хабарҳои дарёфтӣ ояндаи наздик чанд қисмати дигари роҳҳои мошингузари кишвар ҳам пулакӣ хоҳанд шуд.
Дар ҷаласаи рӯзи 11 октябр Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон иқрор кард, ки аз сохтмони роҳ дида, нигоҳдории он мушкилтар аст. Ӯ тасдиқ намуд, ки роҳҳоро асосан воситаҳои нақлиёте хароб мекунанд, ки вазни аз меъёр бештар доранд. Худоёрзода афзуд, тибқи меъёрҳои пешбинишуда дар роҳҳо ба мошинҳои вазни то 40 тонна иҷозаи ҳаракат дода шудааст ва мошинҳои вазинине, ки вориди кишвар мешаванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ бояд борҳои худро фароранд: “Бо ин амал барои нақлёти ватанӣ ва корхонаҳое, ки ба кашонидан ва бор кардану фаровардани бор машғуланд, ҷойҳои корӣ нав пайдо мешавад”.
Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вазири нақлиёт гуфт, барои назорати мошинҳои гаронвазн тарозуҳо гузошта шудаанд, аммо ин мушкил танҳо бо назорат бурдан аз тариқи чунин тарозуҳо ҳал намешавад: “Мо дидем ки баъди соати 12, 2-и шаб боз ҳамон мошинҳо бо вазни то 80 тонна мегузаранд. Барои ҳалли ин масъала ба ҳукумат ягон барнома пешниҳод кардед? Масалан назорат кардед, ки кадом фирма мегузаронад, мебахшед, вақте як одам аз бонк 5 ҳазор доллар қарз мегирад, тамоми сохторҳои қудратӣ онро ҳазор бор тафтиш мекунанд, сад бор даъват мекунанд. Гап дар бораи қариб миллирад доллар меравад, ҳамагӣ 4 фирма дар он ҷо кор карда, масалан, бой шавад, роҳро тамоман назорат намекунанд”.
Ин вакили Маҷлиси намояндагон дар идомаи масъалагузориҳояш дар мавриди нигоҳдории роҳҳо, ҳамчунин ҳолати феълии нақби “Чормағзак”-ро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ дар хитоб ба вазири нақлиёт гуфт, нақби “Чормағзак” 4,5 километр дарозӣ дорад, “агар мабодо дар миёни ҳамин нақб мошине вайрон шавад, шахсоне, ки бемории асма доранд, алергия доранд ё кӯдак бошанд аз он ҷо баромада наметавонанд, дар ҳамон ҷо мемиранд. Он ҷо нигоҳубин надорад, пур аз хок аст, равшанӣ нест, умуман назорат нест дар он ҷо, бо ин чӣ гуфта метавонанед?”
Худоёр Худоёрзода дар посух ба интиқодҳои Саидҷаъфар Исмонов гуфт, “ин хел гап нест, ки дар нақби “Чормағзак” умуман назорат нест ё вазорат кор намекунад. Баъзан вақтҳо барқ хомуш мешавад мо бо “Барқи Тоҷик” дар тамос мешавем, барқро медиҳанд. Он ҷо техникае ҳаст, ки агар мошин вайрон шавад фавран мошинро аз он ҷо мебароранд”.
Дар идомаи ин баҳс Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, вақтҳои охир дар дохили нақб равашанӣ нест ва дуди ғализ зуд берун кашида намешавад: “Соли аввал хуб буд, ҳоло чунин нест, аз ин хафа шудан лозим нест, ин сухани мардум ҳаст, ки тавассути нақб ҳаракат мекунанд”.
Баъди баҳсу баррасиҳо, созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа” аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Арзиши умумии лоиҳа 96,38 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз ин маблағ 17 миллону 18 ҳазор доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон, боқимонда саҳми Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |