Бахшҳо
12 окт 2017 16:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба орд

Ҳакими Даврон, Ибодуллоҳи Тоҳир, Раҳматулло Одинаев, Дилшод Раҳмонов

Гурӯҳи вакилони парлумон ва масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон ғанигардонии ордро бо витамину минералҳо роҳи осон ва арзони таъмини аҳолӣ бо ғизои солим медонанд. Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки норасоии микроэлементҳои ғизоӣ боиси камхунию камвазнӣ ва бемадорию нотавонии одамон гардида, пайомадҳои дарозмуддат барои солимии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар дорад.

Пешгирии таҳдид ба генофонди миллат

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иброз дошт, ки микроэлементҳои ҳаётан муҳими таркиби гандум ҳангоми коркарди орди навъҳои олӣ ва якум аз байн мераванд: «Витамину минералҳо асосан дар пӯст ва бархе аз қисматҳои дигари гандуманд, ки мо онро ба ҳайвонот медиҳему боқимондаашро, ки микроэлементҳои муфид кам доранд, худамон истеъмол мекунем».

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба орд


Мутахассисони соҳаи тандурустӣ муайян кардаанд: норасоии витамину минералҳо имкони сирояти ангезандаи бемориҳоро афзуда, иқтидори фитрию фикрӣ ва маҳсулнокии инсонро коҳиш медиҳад, ки ин таҳдид ба генофонди миллат аст.

«Айни замон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” фаъолият дорад. Агар ин қонун қабул шавад, дар оянда мо метавонем на танҳо орд, балки дигар маҳсулоти озуқаро низ бо витамин ва минералҳо ғанӣ гардонем», - афзуд Шералӣ Раҳматуллоев.

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба ордҲамзамон профессор Ҷаҳон Азонов, сармушовири илмии Пажуҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо такя ба тадқиқоти анҷомдодаи ин сохтор изҳор дошт, ки сокинони кишвар аз норасоии шадиди витамину минералҳо азият мекашанд.

Вай афзуд: «Дар ғизои аҳолии Тоҷикистон витаминҳои гурӯҳи В, оҳан, йод, синк, кислотаи фолат ва микронутриентҳои дигар намерасанд. Норасоии оҳан, витамини А, витаминҳои гурӯҳи В, кислотаи фолат ба бемориҳои зиёд, аз ҷумла, камхунӣ, шабкӯрӣ ва ғайра оварда мерасонад. Агар қонун дар бораи ғанигардонии маводи ғизоӣ қабул шавад, ин ба нафъи аҳолии Тоҷикистон хоҳад буд».

Суҳбати Азонов:

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба ордРоҷеъ ба қадамҳои баъдии ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ Аҳлиддиншо Қандаков, мудири бахши гигиенаи хӯрокаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ чунин гуфт: «Баъд аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” бояд қоидаҳои меъёрию санитарӣ, регламентҳои техникӣ ва нормаҳо пазируфта шаванд. Дар оянда дастрас кардани фортификант (витамину минералҳо) зарур аст, ки маҳсулоти ордиро бо он ғанӣ гардонем».

Садои Қандаков:

Вакил: Ҳукумату парлумон аллакай бонги изтироб заданд

Ҷамшед Муртазоқулов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мегӯяд, имрӯз аллакай ҳам ҳукумат ва ҳам парлумон дар масъалаи норасоии микронутриентҳои ҳаётан муҳим бонги изтироб задаанд ва дарк кардаанд, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Вакили парлумон аз ҷумла иттилоъ дод, ки лоиҳаи нави қонуни марбут ба ғалла, орд ва маҳсулоти ордиро рӯйи даст гирифтаанд, ки як боби алоҳидаи он ба ғанигардонии ҳатмии орд бахшида шудааст. Вай афзуд, ки лоиҳаи ҷадид аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия дастгирӣ ёфта, дар ҳоли мувофиқа бо сохторҳои давлатӣ мебошад.



Ба гуфтаи намояндаи мардумӣ, ҳукумат лоиҳаи қаблӣ оид ба ғанигардонии ордро, ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони парлумон таҳти роҳбарии Хайриниссо Юсуфӣ аввали соли равон пешниҳод шуд, рад намуд: «Далели ҳукумат ин буд, ки ғанигардонӣ метавонад нархи ордро боло барад. Вале мо ҳисобу китоб карда, маълум намудем, ки таъсири ғанигардонӣ ба нархи орд хеле ночиз – ҳамагӣ 1,2 сомонӣ сари ҳар халтаи 50 килоиро ташкил медиҳад».

Вакили парлумон афзуд, ки дар марҳилаи аввал дастгирии давлатии корхонаҳои истеҳсоли орд ва таъмини шароити мусоид барои ғанигардонӣ зарур мебошад. Ба қавли ӯ, тибқи муқаррароти лоиҳаи нави қонун, ки айни замон таҳия шудааст, тамоми орди истеҳсоли ватанӣ бояд бо микроэлементҳои ғизоӣ ҳатман ғанӣ гардонида шавад, инчунин воридоти орди бевитамин манъ карда шавад.

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба орд


Барои саломатӣ зарур! Ба кисаи камбағал зарар?

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба ордУмед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо зикри аҳамияти ғанигардонии орд барои солимии аҳолӣ изҳор дошт, ки зимни қабули чунин қонунҳо бояд имконоти иқтисодии мардум ба назар гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи ғанигардонии орд ду муносибат аст: «Ин чиз барои саломатии миллати мо зарур аст. Лекин то кадом андоза аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба он ноил шуда метавонем, ин масъалаи дигар аст. Имрӯз мо эътироф мекунем, ки аз се нафар як нафари мо камбизоат аст, вале ин мазмуни онро надорад, ки ду нафари боқимонда ҳатман дороянд. Яъне 20 дарсади онҳо тоифаи осебпазиранд, ки аз камбизоатӣ баромадаанд, лекин ҳанӯз доро нашудаанд. Зери таъсири ин ё он омил метавонанд боз ҳамон гурӯҳи камбизоатҳоро ташкил диҳанд. Вақте 50 дарсади аҳолӣ аз нуқтаи назари даромад маҳсулоти ғизоии арзон меҷӯяд, оё татбиқи ин қонун амалан имкон дорад ё не? Хостан дигар асту тавонистан дигар. Қонунро вобаста ба вазъу макону замонаш бояд қабул кард, ки татбиқшаванда бошад».

Умед Давлатзод:


Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба ордАммо Таваккал Маликов, сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мегӯяд, ки ҳукумат лоиҳаи қаблии марбут ба ғанигардонии ордро барои такмил баргардонд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки масъалаи ғанигардонии орд то охири соли равон ҳалли худро меёбад.

Номбурда афзуд: «Дар баробари ин, мо масъалаи ғанигардонии дигар маҳсулоти хӯроквориро бо витамину минералҳо ба миён гузоштем. Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, “Тоҷикстандарт” ба ин масъала ҷалб гардидаанд».

Таваккал Маликов:


Таҷрибаи ҷаҳонӣ: Ҳамсояҳо аз Тоҷикистон пеш рафтаанд...

Шамил Тоҷибоев, ноиби президенти Академияи ғизои Қазоқистон мегӯяд, аз соли 2001 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалисозии дурнамои ғанигардонии орди гандумӣ бо витамину минералҳо оғоз гардида буд: «Ин стратегияи арзон ва муфид аст, зеро бо таъмини истеъмоли чунин орд, мо як қатор бемориҳоро пешгирӣ мекунем. Моҳияти ғанигардонӣ дар он аст, ки ба орди навъҳои олӣ ва якум ҳамон витамину минералҳое баргардонида мешаванд, ки зимни ордкунии гандум аз байн рафтаанд. Ин стратегия комилан безарар аст ва онро бояд татбиқ кард. Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, мутаассифона, ба истиснои Тоҷикистон, кайҳост, ки қонун дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандумии навъҳои олӣ ва якум бо микронутриентҳои ғизоӣ қабул гардида, барномаҳои дахлдори давлатӣ амалӣ мешаванд. Масалан, дар Туркманистон ҳоло 100%-и орди гандумӣ ғанӣ гардонида мешавад. Ӯзбекистон дар ин самт дастовардҳои зиёд дорад. Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам ба муваффақиятҳои нисбӣ ноил шудаанд. Умедворем, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон низ чунин қонун қабул мегардад».



Пажуҳиши “Ғанигардонии маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон”, ки соли 2016 бо дастгирии USAID ва Алянси глобалӣ оид ба беҳдошти ғизо (GAIN) дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон гузаронида шудааст, таносуби хароҷоту фоидаи иловаи витамину минералҳо ба орди гандумиро 1 бар 9 муайян кардааст: «Ба орд омехтаи оҳан, синк, туршии фолат ва витаминҳои гурӯҳи В илова карда мешавад. Дар натиҷа ҳар $1-и сарфшуда аз ҳисоби афзоиши шумораи аҳолии солим $9 фоида меорад».

Шарикони рушд омодаи дастгириянд

Масъулини корхонаҳои истеҳсоли орд, ки нахостанд номашон зикр шавад, бар ин назаранд, ки ғанигардонӣ барои ҳамаи истеҳсолкунандагони орд ҳатмӣ карда шавад: «Давлат бояд ғанигардониро таҳти назорати ҷиддӣ гирад, то ҳамаи истеҳсолкунандагони орд витамину минералҳои заруриро илова кунанд. Агар яке илова кунаду дигарӣ не, нафари аввал аз нигоҳи иқтисодӣ зарар мебинад ва рақобати солим аз байн меравад. Дар бозори орд ҳар сомонӣ аҳамият дорад ва сокинон ба нарх хеле таваҷҷуҳ мекунанд. Инчунин муҳим аст, ки дастрасии осони истеҳсолкунандагон ба иловаи витамину минералҳо (фортификант ё премикс) таъмин гардад».

Дар робита вакили мардумӣ Ҷамшед Муртазоқулов мегӯяд, шарикони рушди Шӯрои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар марҳилаи аввал таъмини истеҳсолкунандагони ордро бо микронутриенту дозаторҳо дастгирӣ кунанд.

Ҷаҳон Азонов, сармушовири илмии Пажуҳишгоҳи ғизо низ сифати витамину минералҳоро таъкид карда, афзуд, ки хуб мебуд, агар истеҳсоли ин мавод дар дохили ҷумҳурӣ роҳандозӣ шавад.

Нони сафеди камсуд: Талош барои иловаи витаминҳо ба орд


Аз гуфтаи масъулину коршиносон ва нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, аҳолии Тоҷикистон то ҳол аз нокифоятии маҳсулоти серғизо танқисӣ мекашанд. Агар як сабаби гирифторӣ ба бемориҳои аз норасоии микроэлементҳои ғизоӣ пайдошуда сатҳи пасти зиндагии мардум ва буҳрони молиявии кишвар бошад, омили дигари онро мутахассисон ба ноогоҳиву беаҳамиятии сокинон ва аҳли ҷомеа рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои сафарбарсозии имконоти дохилӣ ва ҷалби кӯмакҳои байнулмилалӣ ҷиҳати ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати мардум аз роҳҳои самарабахши рафъи мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешаванд.

Навори зер оид ба таъсири мусбати хӯроквории босифат дар таҳияи Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN).



Мӯҳр
Деҳқон
Мумкин ягон лоиҳаи хориҷии сердаромад боша, ага не вакилон ба монанди Муртазоқулов ҳуқуқшинос боша ба витамини орди гандум коруш чи-ай. Ай қадим ҳами орди гандума авлодҳомон истеъмол карда то мо расид, ягон камбуди надора, вой ҳами хориҷиҳо на вакила тинҷ мемонан на мардуми бечорарара...

Darvesh
Ba Muhtaram Vakilon!!!!!!!! Ba umedi ORD nashaven mevara bisyor istehsol kunen. Ana az onjo vitaminho paydo meshavand!!!!! Kamkhuni susti khobi bisyor hamash az ORD ast boz megummki ba umedi ORD nashaven Tamomi namudi mevara dar kishvar istehsolashro ziyod kunen!!!!!!

Усмон
Ахсан ба журналистон! Дар мавриди амнияти саломатй бехтарин маводи тахлилй аст. Муваффак бошед!

"Арзиши миёнаи як тонна орд 254 $" агар 254*8.9=2261сомон/20халта орд= 113сомон арзиши хариди як халта орд. фуруш бошад 155 боло... Нархгузориро контролллллл бояд кард....Деҳқон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)