Бердимуҳаммадов ба Путин дар зодрӯзаш саги "Содиқ"-ро тӯҳфа кард
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Сочӣ қарор дорад, ба ҳамтои руси худ Владимир Путин бахшида ба рӯзи зодрӯзаш саги навъи алопар ё алабайро бо лақаби "Содиқ" тӯҳфа кард.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии Кремл, Бердимуҳаммадов президенти Русияро бо 65-умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфта, сагеро, ки аз Туркманистон бо худ бурда буд, тӯҳфа намудааст.
"Чанде пеш шумо рӯзи хубе, рӯзи фариштаро доштед ва бинобар ин аз самими қалб онро бароятон табрик мегӯям. Пеш аз ҳама барои шумо сиҳатии комил, комёбӣ ва тамоми хӯшиҳоро таманно дорем", - изҳор дошт президенти Туркманистон.
"Медонам, ки шумо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, на танҳо барои кишвари худ, балки барои ҷаҳон корҳи бисёреро анҷом медиҳед. Имрӯз бо худ саги алабайеро аз Туркманистон овардаам, ки Содиқ ном дорад. Фикр мекунам, дар шумо ҳам ин ном маъруф аст. Вақте мо бозиҳои осиёиро баргузор мекардем, рамзи асосии онҳо низ саги алабай буд", - афзуд Бердимуҳаммадов.
Дар наворҳо дида мешавад, чи гуна Бердимуҳаммадов ба яке аз аъзои ҳайаташ мегӯяд, ки "саг дар куҷо аст? биёр онро" ва сагро аз пушти гарданаш боло мебардорад. Путин низ нороҳатии сагро ҳис карда, онро аз дасти ҳамтои туркманаш мегирад.
Бердимуҳаммадов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 12 октябр баргузор мешавад, ба шаҳри Сочии Русия сафар кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |