Боздошти директори “Имкон 2015” баъди шикояти Нурбибӣ (ВИДЕО)

Маъмурини милиса директори ширкати “Имкон-2015”-ро, ки ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ машғул будааст, боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, директори 63-солаи “Имкон 2015” дар пайи дарёфти шикояти Нурбибӣ Мансурова, модари серфарзанд, сокини 54-солаи ноҳияи Восеъ дастгир гардид.
Нурбибӣ Мансурова, ба мақомоти милиса арз доштааст, 1-уми августи соли 2016, марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори ҶДММ “Имкон-2015”, бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи мамлакат ӯро ба шаҳри Риёзи давлати Арабистони Саудӣ бурда, муддати 1-солу 2-моҳ маҷбуран кор фармуда, музди меҳнаташро пардохт накардааст: “Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад”.
Нурбибӣ Мансурова ахиран баъди муроҷиаташ тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бораи шароити тоқатфарсои кораш дар Саудӣ, аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар Риёз озод карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |