Р.Эмомалӣ бозори “Шоҳмансур”-ро баст: Фурӯшандаҳо бо ҷои нав таъмин шаванд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 11-уми октябр бо имзои як қарор фаъолияти “Бозори Шоҳмансур”-и пойтахтро қатъ кардааст.
Тибқи иттилои сомонаи шаҳрдорӣ, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.
Рустами Эмомалӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Шоҳмансур” дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кутоҳтарин барои боз доштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур чора андешанд.
Шаҳрдори Душанбе масъулинро муваззаф кардааст, ки фурӯшандаҳоро барои идомаи соҳибкорӣ дар дигар нуқтаҳои савдо бо ҷои муносиб таъмин намоянд.
Тибқи қарор ҳамакнун Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Шоҳмансур” аз рӯйхати бозорҳои пойтахт хориҷ карда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |