Сабукӣ барои сарбозон: Аз рухсатӣ то озодии пеш аз муҳлат
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ба сарбозон баъзе сабукиҳоро ироа кард.
Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, агар ҷавонони соҳиби як фарзанд ба хидмат даъват шаванд ва давоми хидмат як фарзанди дигарашон таваллуд шавад, аз хидмат озод мегарданд. .
Ноиби вазири мудофиа афзуд, давоми хидмат ба сарбозони қаторӣ дар шаш моҳ як бор рухсатии 20-рӯза ва ба сержантҳо рухсатии 30-рӯза дода мешавад: “Маблағи роҳкиро аз ҳисоби қисми ҳарбӣ пардохт мегардад”.
Ба гуфтаи Собирзода ба сарбозе, ки оиладор аст, имконият дода шудааст, ки дар масофаи 100 километр то хонааш хидмат кунад, то хабаргирӣ аз хонаводааш осон бошад: “Қонун ин имкониятро пешниҳод кардааст”.
Ноиби вазири мудофиа инчунин иттилоъ дод, ки тибқи низомномаи дохилӣ наздикони сарбозони оиладор метавонанд моҳе ду бор ба хабаргирии онҳо биёянд ва як ҳуҷраи оила дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |