Ташкили бонки нав дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз, 10-уми октябр дар кишвар бонки нав “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд: “Коммерсбонки Тоҷикистон тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи ҶДММ ТАҚХ “Фардо” таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”.
Ташкили бонки нав дар ҳолест, ки бисёре аз бонкҳои бузурги кишвар дучори мушкили молиянд ва тайи солҳои охир бисёре аз ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ фаъолияташонро қатъ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |