Боздошти котиби суд бо иттиҳоми қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Ҷаҳонгир Суҳробзода, котиби суди шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шаҳрванд “А” ба Оҷонсӣ муроҷиат карда, арз доштааст, котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” барои ба манфиати ӯ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4000 сомониро гирифта, боз овардани 4500 сомонии дигарро талаб дорад: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 4500 сомонӣ дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |