ВКД марги 4 донишҷӯи ДМТ-ро дар Норак шарҳ дод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бархӯрди маргбори “Раф Чонвай” бо мошини борбари Шакман дар роҳи Норакро, ки 4 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро кушт, шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ВКД садамаи пурқурбонӣ 9-уми октябр тахминан соати 00.00-дақиқа рух дод: “Мошини “РАФ-Чонвай” ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе дар пайи ноуҳдабароии ронанда Наимов Мирзонаим, сокини 22-солаи ноҳияи Муъминобод дар ҳудуди шаҳри Норак бо мошини “Шакман”, таҳти идораи Иқболи Соҳибназар, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯшон, бархӯрдааст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Раф-Чонвай” ва мусофиронаш, Тоҷиддин Муродов ва Меҳроҷиддин Тоҳирови 22- сола донишҷӯёни соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Донишҷӯи дигари савори ин мошин, Комрон Давлатови 22-сола дар беморхона ба ҳалокат расида, Абдулфайёз Толибов бистарӣ гардидааст.
ВКД мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |