Бахшҳо

Бобоҷон Икромов 60–сола шуд

Вақте сухан аз телевизон равад, пеши назарам ҳатман кору корномаи Бобоҷони Икром падидор мешавад. Ӯ дар 35-солагӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон интихоб шуд. Собит кард, ки агар рӯзноманигор намебуд ҳам як вазири тавоно буда метавонист. Таърих ҳамоно ёд надорад (шояд танҳо ман), ки як вазири тоҷик рӯзноманигор шуда бошад. Ҳамон гуфтаи Отто фон Бисмарк, асосгузор ва аввалин канслери Олмон, ки мегуфт, “аз 10 рӯзноманигор метавон 10 вазир сохт, вале аз 10 вазир наметавон ҳатто як рӯзноманигор берун овард”, шояд ба дарди мо хӯрад. Аммо дар мавриди ҳатто рӯзноманигороне, ки ба курсиҳои қудрат такя задаанд, бозгашт ба рӯзноманигорӣ як қаҳрамонӣ ё садоқат ба касб аст. Бобоҷони Икром аз ҳамин қабил аст. Ӯ дар вазифа дер намонд. Рафт. Аммо худро ба дарёи пурталотуми рӯзноманигорӣ андохт...


Дуввумин нуктае, ки дар зиндагиномаи Бобоҷони Икром ба чашм мехӯрад, замон ва макони роҳбарии ӯ буд. Он замон ҳанӯз кӯчаву майдонҳои Душанбе бӯи хун мекард (1992) ва садои тиру инфоҷор аз ҳар гӯшаи шаҳр ба гӯш мерасид. Вақте дар Қасри Арбоби Хуҷанд сессияи таърихии 16–ум ба поён расиду ҳукумати ҷадид ташкил шуд, аксари вазирон аз рафтан ба Душанбе... тарсиданд. Аксарият намехостанд ба пойтахт бираванд. Вазъи ҷолибе иттифоқ афтод, ки барои тамоми таърихи Тоҷикистон омӯзанда буд. Вазири он рӯз танҳо як имтиёз дошт – хизмат ба мардуму миллат дар лаҳзаҳои душвортарини таърихаш. Ин замоне набуд, ки роҳат такя ба курсии мулоим заниву котибаи таннози маҳваш гирди ту парвона бошад. Вақти кор, на фақат кор, балки пайкор буд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Бобоҷони Икромро раиси онвақтаи Шӯрои олии Тоҷикистон, дар амал раҳбари кишвар ва ҳоло президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъин кард ва дастур дод, ки Душанбе равад ва масъулияти роҳбарии телевизион ва радиоро бар дӯш гирад. Касе аслан намедонист, ки дар чунин вазъи ҳассос чӣ кор кунад ва телевизион чӣ барнома пахш намояд. Аммо ғурури тоҷикиву рисолати касбӣ Бобоҷони Икром, рӯзноманигори 35-соларо ба рафтан ба Душанбе таҳрик дод. Ӯ дуои падарро гирифт ва даъвати раҳбарро пазируфт. Бобоҷон медонист, ки худро ба дарёи хавфу хатар меандозад, аммо умеди ин ки сулҳу амният дар кишвар пойдор шуда, телевизиони тоҷик аз вартаи хомӯшию берисолатӣ берун ояд, дили ӯро гарм медошт. Вале то шуҳратёб шудани телевизион, борҳо Бобоҷон миёни обу оташ қарор гирифт. Аввалин шабе, ки ӯ дар утоқи кориаш дар Хонаи радио рӯз кард, ҳеч аз хотираш намеравад. Ӯ қисса мекунад, ки ҳамон шаб машғули кор буд, ки утоқаш тирборон шуд. Ба дару деворҳои утоқаш 48 тири Калашников асобат кард, вале бо инояти Худо аз ин тирборон ҷон ба саломат бурд. Бобоҷон аз ин сӯиқасд, ки алайҳаш сурат гирифт, наҳаросиду пас нагашт, балки ҷасорати касбиаш ӯро ба пеш мекашид.

Бо вуҷуди сахтиҳое, ки мегузаронд, ноумед намешуд, балки ҳамеша ба касбу нерӯи суханаш бовар дошту ҳамеша бар ин пешаи муқаддасаш, ки бархурдор аз истеъдоди илоҳист меандешид. Дар он рӯзҳо зане ба Кумита занг зада паём дод, ки омода аст дар телевизион наттоқӣ кунад. Ин зан Мунаввара Мирхонова буд. Кормандони амнияти миллӣ бо ҳамроҳии танкҳои пойгоҳи 201-уми Русия ӯро аз хонааш дар минтақаи Автовокзали Душанбе ба Хонаи радио ва телевизион оварданд. Бегоҳи 9 декабр Бобоҷон Икромов барои Мунаввара ин сатрҳоро навишта кард: “Ассалому алайкум, тамошобинони азиз! Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард!”...

Баъдан дар заминаи ин вижагуфторҳо барномаҳое, назири “Хоки Ватан” ва “Тоҷикистон - хонаи умеди мо”-ро роҳандозӣ карданд, ки ба маҳзи ин барномаҳо даҳҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик тавонистанд аз Афғонистону дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳамин буд, аз аҳдофи ҳукумати навтаъсиси ваҳдати миллӣ, ки барои пиёдашавии он телевизион нақши бағоят бузургу таърихии худро ба иҷро расонидааст. Аммо Бобоҷон мегӯяд, ин кор ба осонӣ муяссар нашуда ва дар он айём гуруҳҳое буданд, ки барои пахши барномаҳо ба онҳо таҳдиду фишор меоварданд, вале ӯву ҳамкоронаш дар фикри суботу пойдории Тоҷикистону нақшу рисолати телевизион меандешиданд.

Хизматеро, ки Бобоҷон дар ҷодаи телевизион кард, шояд дар ҳеч навъ озмун ва ё мусобиқаи журналистӣ натавон арҷгузорӣ кард. Зеро ба шуҳрат расидани шахсро аз истеъдоди фитрию азалии вай вобаста медонанд, то ба молу ченаки сарвату вазифа. Аммо шояд ҳоло бисёриҳо пиндоранд, ки чаро бо вуҷуди чунин кору корномаҳои таърихӣ, ки ба маҳзи роҳбарии Бобоҷони Икром телевизион шуҳратёб шуд, ҳамагӣ баъди ду сол дар соли 1994 ӯ аз вазифа барканор шуд? Посухи Бобоҷон чунин аст: “Вазирию вазифадорӣ касб нест, балки хизмат ба мардум аст. Касби ман рӯзноманигорист. Рӯзноманигорӣ мунодии ҷомеа ва мардум аст, ки танҳо аз тариқи ин пеша метавон дарди мардумро тасаввур карду онро инъикос намуд. Баъди он ки баъзеҳо аз кору вазифа барканор шуданд, бемор шуданд, сактаи қалбӣ гирифтанд, вале ман барои худ озодӣ дарёфтам”.

Ин танҳо замони ба шуҳрат расидани телевизион нест, ки фаъолияти рӯзноманигории Бобоҷонро ба он рабт диҳему ӯро аз ҳамин замон бишносем, балки Бобоҷони Икром ҳамчун як рӯзноманигори тавонову соҳибистеъдод ҳанӯз дар солҳои 80-ум муаррифӣ шуда буд. Ин ба чопи асарҳои бадеиаш марбут аст, ки воқеияти замонро дар онҳо тасвир мекард. “Армони модар” аввалин асари бадеии Бобоҷон аст, ки саропо аз дарду ҳасрати модарон, ки аз гирудорҳои зиндагӣ яккаву танҳо мондаанд, қисса мекунад. Идеяи таълифи ин асар баъди он пайдо мешавад, ки Бобоҷон барои таҳияи як гузориши телевизионӣ ба Батоши ноҳияи Турсунзода - хонае, ки онҷо пирони танҳову бепарастормондаро нигоҳубин мекарданд, меравад. Он ҷо сардухтур аз ҳаёти зане нақл мекунад, ки аз беэҳтиромии арӯси хонааш ба ин қарор расида, ки бояд дур аз назди арӯсаш дар... хонаи бепарасторон зиндагӣ кунад.

Баъдтар зани ҳунарманд Соҷида Ғуломова ҷуръат кард, ки онро ба саҳна гузорад. Нақшҳоро сардухтур - Бурҳон Раҷабов, модар - Марям Исоева, арӯс - Раҷабгул Қосимова ва ҳамсар - Ислом Ғоибов иҷро кардаанд.

Вақте 30 соли пеш бори аввал ин асар дар саҳна намоиш дода мешавад, мардум Раҷабгул Қосимоваро, ки дар нақши арӯси бераҳму беэҳтиром нисбат ба хушдоманро иҷро кардааст, дар бозори “Зелений”-и Душанбе “помидоршап” мекунанд. Ҳар касе ки ин асарро тамошо мекард, эҳтиром миёни модару арӯсро тарғиб менамуд, чун мавзӯъ аҳамияти хос дошт. Ва Бобоҷон мегӯяд, “баъди 30 сол дарк кардам, ки ин асар ҷовидона аст, чун ҳар сол арӯсу домодҳои нав пайдо мешаванд, вале мавзӯи келину хушдоман доимӣ мондааст”.

“Ашки Сӯзон” - дуввумин асари бадеии Бобоҷони Икром аст. Дар нақши меҳварии ин асар ҳам модар таҷассум ёфтааст. Бобоҷон мегӯяд, аз он ки қалби модарро то ба ҳол ҳеч кас тасвир карда натавонистааст ва ин як асрорест, ки шояд пурра кашф нашавад ва ин нукта ҳатто дар Қуръони карим дарҷ шудааст. Ин асари Бобоҷон аз он қисса мекунад, ки чӣ гуна писарҳоро аз оғӯши гарми модарон гирифта, ба ҷанги Афғонистон мебурданду ҷисми беҷони писаронро пеши чашми модарон меоварданд, ки фиғони онҳо ба фалак мепечид. Дар ин асар ӯ аз тақдири Усмонҷон ном як сокини Ворухи Исфара қисса мекунад, ки дар курси сеюми факултаи шарқшиносӣ мехонд, вале ӯро, ки бе падар буд, ба ҷанги Афғонистон мебаранд. Ӯро модари ягонааш гусел мекунад. Аммо баъди як сол ҷисми беҷони вайро пеши модар меоранд. Ҳоли модари Усмонҷонро дар ин вақт чӣ гуна мешавад тасаввур кард? Баъзе аз образҳои ин асарро метавон ҳатто дар шароити имрӯзаи муҳоҷирати кории сокинони кишвар ба Русия ва ё хизмати иҷбории наваскарон мушоҳида кард.

Баъд аз муддате ин асар ҳам аз сӯи Соҷида Ғуломова ба саҳна гузошта мешавад, ки нақши асосиро Ортиқи Қодир, суханвари хушноми тоҷик иҷро кардааст. Ба гуфтаи Бобоҷон Икромов, барои адиб ва рӯзноманигор муҳимтар аз ҳама мушоҳида карда тавонистан аст. Мушоҳидаи дарду ҳасратҳои ҷомеа метавонад дар адабиёт либоси бадеӣ пӯшад ва ё тасвир ёбад, дар рӯзноманигорӣ он метавонад ба воқеаву факт иртибот дошта бошад.

Баъд аз хатми ҷанги дохилӣ дар солҳои 2000-ум ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ хароб гардид. Муаллимон аз бемаошиву каммаошӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд, мактабҳо бе мударрис монданд ва хонандаҳо бе муаллим. Сатҳи донишу савод коҳиш ёфт. Ҷомеа ба ақли солиму афкори солим ниёз дошт. Аввалин нашрияе, ки ба инъикоси мушкилоти мардум пардохт ва гузашта аз ин, дар қиболи нашрияҳои ҳамҷавори кишвар аз манофеи кишвар ҳимоят мекард, “Варорӯд” ва сармуҳаррири Бобоҷони Икром буданд. Чизе, ки “Варорӯд” - ро аз як нашрияи маҳаллӣ то ба минтақавӣ маъруф кард, чопи мақолаҳои публисистие буд, ки аз нуқсу иллатҳои ҷомеа мегуфт ва роҳи ворастан аз буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодиву сиёсиро нишон медод. “Агар бачаҳо ояндаи мо бошанд, пас ояндаи онҳо ғуборолуд аст” яке аз мақолаҳои Бобоҷон Икромов аст, ки роҷеъ ба вазъи мактабу маорифи кишвар таълиф шудааст. Чун муаллим муҳоҷир шуд, мактабҳо холӣ аз муаллим шуданду бачаҳо бе муаллим, сатҳи саводи насли ҷавон паст рафт. Дар ин мақола Бобоҷон замони шӯравиро ба хотир меорад, ки муаллим болонишин буд. Вале дар замони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавқеи иҷтимоии муаллим паст рафт. Ӯ аз барканоршавии сарвазири Ҷопон дар ин матлаби публисистӣ мисол меоварад, ки 70 дарсади буҷаи мамлакаташро ба соҳаи маориф гузаронд ва ислоҳоти куллиро ба вуҷуд оварду сипас аз мақом рафт. Ӯ аз мақом рафт, вале ислоҳоте, ки вай пиёда кард, Ҷопонро имрӯз ба яке аз кишварҳои муттарақии ҷаҳон баробар сохт.

“Водии Фарғона - мӯъҷизаи Ислом” ва “Фарғона - водии фариштаҳо” аз мақолаҳои дигари Бобоҷонанд, ки дар масъалаи амнияти водии Фарғона, ки онро дарвозаи илму фарҳанги Осиёи миёна низ меноманд, ба ҳисоб меравад. Бисёр мехостанд, ки миёни кишварҳои ин қаламрав ҷангу нифоқ андозанд. Водии Фарғона қалби Осиёи Миёна аст, ки Тоҷикистон бо вилояти Суғд, Узбекистон бо вилоятҳои Андиҷону Намангону Фарғона ва Қирғизистон бо вилоятҳои Ӯшу Ҷалолободу Бодкандаш ҳаммарз мебошанд. Ҳоҷӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ - пир ва устоди рӯҳониёни Осиёи Миёна чунин панде ба муридонашон дода, ки “ҳеч дар заминаи қавмӣ теғ накашед ва хунрезӣ накунед”. Ин панди таърихӣ баъдан сабақи ворисонашон шуд. Онҳо ҳам дарк карданд, ки ақлу заковати се ҷумҳурӣ дар ин водӣ нуҳуфтааст. Чун барои мисол баъди Бухорои Шариф, Қӯқанд маркази исломии Осиёи Миёна ба шумор меравад ва ё Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳам аз ҳамин водӣ аз Асақа аст.

Ба гуфтаи Бобоҷон Икромов, хатар ҳамқадами журналист аст, аммо агар воқеияти зиндагиро инъикос карда тавонед, ин метавонад сипари шумо бошад. “Мо бо сухан ба Худо муроҷиат мекунем, ҳамон сухани мутавозин, ки зиндагӣ ва ҳама кору пайкору растагории мо аз он маншаъ мегирад. Бинобар ин, барои ман ҳамеша пешаи рӯзноманигорӣ муқаддас аст”,–мегӯяд ӯ.

Бобочони Икром хушбахтии худро на ба молу сарват, балки ба қалам маънидод карда ва шукр мекунад, ки аз ин истеъдоди худовандӣ бархӯрдор аст ва бо пешае, ки интихоб кардааст, хушбахтона, метавонад ба дили даҳҳо дармондаву бенавою бечора пайки шодиву дармон бошад.

10-уми октябр рӯзи милоди Бобоҷони Икром аст, ки ба сини мубораки шаст қадам мегузорад. Зодрӯзи марди хирад, адиб, публисист ва рӯзноманигори тоҷик муборак бод!

Қамари АҲРОР
Мӯҳр
Усмон Солех
Марди шариф, дуст ва бародар Бобочон Икромро ба ифтихори зодруз самимона табрик менамоям! Бехтарин журналист ва пеш аз хама инсони шариф! Навиштахои нотакрор доранд. Иншоолох устодй насибашон аст.

Рахмон
Устод, 100 сола шавед. Ман хечгох некии кардатонро фаромуш нахохам кард. Шумо дили бузург доред. Зодрузатон муборак!

Мавлудатон хуҷаста бод устод!Газетаи ВАРОРУД беҳтарин газета буд!Дар ҳақиқат марди бузург ва журналисти касби ҳастед.Ҳоло дар твҳои мо мисли шумо ихтирокору касбиву варзида намерасад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)