Бахшҳо

(ВИДЕО) Омӯзгори 57-сола: Нагузоштанд, ки назди Президент суханронӣ кунам

Як омӯзгори 57-сола мегӯяд, ӯро нагузоштанд, ки назди Президент суханронӣ кунад.

Кароматулло Шокирзода, омӯзгори мактаби №181-и ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, вақте Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи мактаби навсохти №59 ба ноҳияи Рӯдакӣ омад ва бо мардум суҳбат карда, аз ҳозирин хост, дархосту пешниҳоди худро баён созанд, ӯ ҳам қасд дошт, чанд пешниҳодеро ба Президент ироа кунад. Шокирзода, ки ба дафтари “Озодагон” омада буд, гуфт, пешниҳодҳояш ба раисҷумҳур аз се бахш иборат буданд, аммо вақте назди баландгӯяк омад, иҷоза надоданд, ки суханронӣ кунад: “Ҳарчанд пофишорӣ карда, гуфтам ки дар навбат истодаам, аммо розӣ нашуданд. Дар ду саҳифа баромадамро навишта будам, онро диданд, ҳатто шиносномаамро аз назар гузаронданд. Аммо гуфтанд, барои баромад кардан номнавис нашудаед. Ва ман, омӯзгореро, ки 37 сол собиқаи корӣ дорам дар назди кулли ҳамкасбонам ва ҳозирин аз ҷамъомад берун карданд”.

Ин омӯзгор мегӯяд, пешниҳодҳояш ба Президент дар бораи мушкилоти мактабу маориф ва муаллимон буд: “Яке аз пешниҳодҳои ман оид ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи муаллим буд, ки солиёни зиёд зери суол рафтааст. Мехостам оид ба ҳамин пешниҳод намоям, ки чӣ бояд кард, то обрӯи муаллим ба мисли солҳои пешин барқарор шавад”.



Кароматулло Шокирзода афзуд, пешниҳоди дигараш оид ба даъвати муаллимони музофотӣ, муаллимони ҳирфаӣ ба ҷаласаи солонаи Вазорати маориф ва илм буд. “Ҳоло фақат директорони мактабҳо, роҳбарони раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ин ҷаласа иштирок мекунанд. Аз Вазорати маориф ва илм хоҳиш карда мешуд, ки минбаъд ҳамин гуна омӯзгоронро даъват намоянд, ки онҳо метавонанд дархосту пешниҳодҳои хешро бепарда баён кунанд, зеро омӯзгор на вазифа, на кабинетҳои барҳавою боҳашамат дорад. Танҳо барномаи корӣ дораду чизе барои аз даст додан не”, афзуд вай.

Пешниҳоди сеюми ин омӯзгор дар мавриди роҳандозии силсилабарномаи телевизионии “Худшиносӣ” будааст. Ӯ мегӯяд, ҳадафи ин лоиҳа гирд овардани ҷавонони болаёқат ва фавқулода мебошад. Ба гуфтаи Шокирзода, ин лоиҳаро қаблан раҳбарияти Академияи илмҳо ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш хуб дастгирӣ карда буданд, аммо дар телевизиони “Тоҷикистон” амалӣ нашуд: “Гуфтанд ки барои ин лоиҳа декоратсияи хеле гарон лозим аст. Бар илова сметае, ки тартиб дода шуд, хеле содда буд ва ман зарур нашумурдам, ки ба Кумитаи ҷавонон пешниҳод созам. Барои ин лоиҳа толори бузург лозим буд, Академияи илмҳо толори худро пешниҳод кард, аммо масъулини телевизион гуфтанд, ки дар студияи телевизион онро сабт мекунанд”.

"Озодагон" дар сурати дастрас шудани назари Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин маврид, онро ба нашр мерасонад.
Мӯҳр
Омузгор аз деха
Устод мисли Шумо аламдорхо хело зиёданд. Ту чи хаёл карди хамаи он шахсиятхое, ки назди раиси чумхур баромад мекунанд аз пеши худашон баромад мекунанд. На ин сенария кайхо боз аз байн рафтаги хаст.

ука пешниходои окилона не рости гап. охи дар мактабхо дига камбудихо кам аст,ки аз обруву барномахои телевизиони сухан мекуни. бовари дорам,ки хаму мактабут на китобхонаи дурусту на туалету на оби нушиданиву на синфхонаи гарм дорад намешид ай хами камбудихои мактабат харф менависти ?? мисли шумо хазорхо мактаби нимколасохту бешароити дигар аст дар кишвар. аз ин камбудмхо навистан даркор буд Бобой.

ЛОИК
Ин омӯзгор мегӯяд, пешниҳодҳояш ба Президент дар бораи мушкилоти мактабу маориф ва муаллимон буд: “Яке аз пешниҳодҳои ман оид ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи муаллим буд, ки солиёни зиёд зери суол рафтааст. Мехостам оид ба ҳамин пешниҳод намоям, ки чӣ бояд кард, то обрӯи муаллим ба мисли солҳои пешин барқарор шавад”. -Домуллои мухтарам магар обруи муаллим тавассути фармони Президент бардошта мешавад? Ин кор дар дасти худи муаллим аст . Дар замони шурави муаллимони хакикию донишманд зиёд буданд холо чи ??7

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)