Тоҷикистону Қатар барои рушди ҳамкориҳо ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоиро зарур хонданд
Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатар эътимодномаи Хисрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар ин кишварро қабул намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон маросими қабули эътимоднома 8 октябр сурат гирифта, ҷаноби Соҳибзода зимни суҳбат паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро ба амаири Қатар ва мардуми кишвараш расонидааст. Манбаъ мегӯяд, амири Қатар аз сатҳи робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, рағбату алоқамандии зиёди Қатарро ба тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон иброз намудааст.
Ба иттилои манбаъ, Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бар зарурати идома ва татбиқи бомуваффақи тарҳҳои муштарак, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кардааст: “Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвари дӯст ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Давҳа низ зарур арзёбӣ гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |