Номаи таслияти Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар як номаи таслият унвонии Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти бародараш изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дафтари матуботи Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “хабари марги нобаҳангоми бародари шумо Нуриддин Раҳмонро бо андуҳи бузург қабул кардам”.
Нуриддин Раҳмон, бародари 67-солаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 7 октябр бар асари сактаи қалб даргузашт. Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-ро ба уҳда дошт. Ӯ солҳои охир бознишаста буда, гуфта мешуд, ки аз бемории қанд низ азият мекашидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |