Билети парвози Душанбе-Тошканд 20 доллар арзон шуд

Намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълон кард, барои ҷалби бештари мусофирон дар хатсайри Душанбе – Тошкнад арзиши билетро то 200 сомонӣ, муодили бист доллар, поин овардааст.
Парвоз дар масири Душанбе – Тошканд ва баръакс моҳи апрели имсол имконпазир шуд ва дар аввал арзиши роҳкиро 1234 сомонӣ буд. Сокинону мақомот он вақт гуфта буданд, ки нархи парвоз дар ин масир хеле болост ва эҳтимол ба ҷуз аз соҳибкорону афроди доро дигарон имкони парвоз дар ин масирро пайдо накунанд.
Сафири Узбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов низ гуфт, “бояд аз ин имкон мардуми оддӣ истифода кунанд. Соҳибкорон тавассути моҳ низ метавонанд, ба ҳар ҷое, ки хостанд, бираванд”.
"Ҳоло нархи билетро 1034 сомонӣ кардем, то равоуи сокинон бештар шавад. Барои парвози дуҷониба аз мусофирон 1917 сомонӣ талаб мешавад", - гуфтанд дар намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон.
Як масъули намояндагӣ гуфт, тасмими арзон кардани нархи билет дар як моҳи ахир гирифта шудааст. Вай афзуд, "нархро ба хотири зиёд шудани мусофирон поин кардем. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе тавассути ҳавопаймоҳои мо то 50-60 мусофир аз Душанбе ба Тошканд мераванд. Ҳавопаймои мо гунҷоиши то 150 мусофирро дорад. Як қисми мусофирон аз фурудгоҳи Тошканд ҳамчун транзит истифода мебаранд ва ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд. Барои онҳо визаи Ӯзбекистон зарур нест ва то 24 соат ҳақ доранд, ки дар Фурудгоҳи Тошканд бимонанд."
Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои “Узбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |