Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба “Ican” доданд
Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ – “Ican” барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2017 гардид.
Берит Рейсс Андерсен, раиси Кумитаи Нобел аснои эълони барандаи ҷоиза таъкид кардааст, “Ican” барои талошҳояш ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ба паёмадҳои фоҷиабори истифода аз ҳар гуна аслиҳаи ҳастаӣ ва пешсафӣ дар талошҳо барои дастёбӣ ба созишҳо барои мамнуияти чунин силоҳҳо ба ҷоиза даст ёфтааст. “Мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки хатари истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ бештар аз ҳар вақти дигар аст”,-изҳор доштааст ӯ.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ, мақарраш дар Шведсария худро эътилофе аз гуруҳҳои ғайридавлатӣ ва мардумӣ меномад ва дар беш аз 100 кишвар аъзо дорад. Ин ниҳод фаъолиятҳои худро аз Австралия оғоз кард, аммо аз соли 2007 расман дар Вена ба фаъолият оғоз намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |