АКС+ВИДЕО: Қадрдонӣ аз медалдорони Бозиҳои V–уми осиёӣ
Имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Душанбе дар як маросим аз варзишгароне, ки медалҳои Бозиҳои V–уми осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро ба гардан овехтанд, қадрдонӣ шуд. Ин бозиҳо аз 16 то 27 сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод сурат пазируфт.
Маросими супоридани ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулӣ дар Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ бо ҳузури намояндагони Кумитаи милии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш доир гардид.
Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои V-уми осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) оварданд. Аҳтам Абдуллоҳзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш аснои суханронӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар Ишқобод изҳори қаноатмандӣ карда, азуд, мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо миёни 62 кишвар ҷойи 17 ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми 8-ро ишғол кард.
Мижгона Самадова, барандаи медали тиллои Бозиҳои осиёӣ дар Туркманистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 11 сол мешавад, ки дар риштаи кикбоксинг тамрин мекунад ва бори аввал буд, ки дар ин мусобиқа ширкат кард. Ӯ гуфт, аз он ки бо шарофати медали тиллои вай парчами Тоҷикистон баланд шуд, хеле хушҳол аст.
Фотима ва Зуҳро Холоваҳо, ягона дуконик, ки дар ин мусобиқа ширкат карданд, мегӯянд, ин навбат сабқатҳо дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Зуҳро аз ин мусобиқа бо медали нуқра ва Фотима бо медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Зуҳро Холова қаблан низ дар Бозиҳои осиёӣ ҷойи дуюмро гирифта буд: “Чор сол қабл ҳам медали нуқра гирифта будам. Ин маротиба хело талош кардам, ки зинаи аввалро гирам, аммо нашуд. Тавре мегӯянд, дар тақдир чизе навишта бошад, ҳамон мешавад. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |