Саидҷалол Комроншоҳро шикаст дод ва соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон шуд

Саидҷалол Саидов, паҳлавони номдори тоҷик ғолиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷоми Президенти Тоҷикистон рӯзи гузашта, 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд ва дар даври финалӣ Саидҷалол Саидов паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик -- Комроншоҳи Устопириёнро шикаст дод.
Саидҷамол Алимардонов аз Тоҷикистон ва Шаҳриёр Идрисов аз Қирғизистон мацоми сеюми мусобиқаро касб кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ва диплом бо маблағҳои пулӣ қадр шудаанд. Барои ҷойи аввал 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 16 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ШМА дар вазни -90 кг рақобат карданд.
Мусобиқоти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ -- Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуввумро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони узбак -- Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд. Ин мусобиқа аз соли 2013 ба ин сӯ ҳамасола доир мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |