Қаноатмандии Мирзиёев аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар як суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кардааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки имрӯз, 5 октябр сурат гирифт, сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд: “Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба синни 65 расид. Дар робита, раҳбарони бархе аз кишварҳо бо ирсоли барқияи шодбошӣ ӯро табрик гуфтаанд. Аз ҷумла, Аленксандр Лукашенко, президенти Белорус дар паёми худ гуфтааст, “хизмати чандинсолаи шумо, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани некуаҳволии халқи тоҷик ва мустаҳкам кардани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сазовори эҳтиром аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |