Интиқоди Президент аз сели иқтибосҳои хориҷӣ: Майдони калимаҳои худиро маҳдуд мекунанд....
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ кулли сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, табрик намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.
Раисиҷумҳур иброз доштааст, ки забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд: “Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд. Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бо пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад. Яъне ба қавли раисиҷумҳури кишвар забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.
Президент гуфтааст, ҳифзу гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад: “Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |