Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тошканд хостанд, рӯзноманигор Абдуллоевро озод кунад
Як гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи Фаронса аз мақомоти Узбекистон хостанд, ки рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро аз боздошт раҳо кунанд. Абдуллоев, ба гуфтаи ҷонибдоронаш, чанд рӯз аст, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.
"Мо аз ҳукумати Узбекистон даъват мекунем, ки рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоевро фавран раҳо карда, ҳуқуқи ӯро ба озодии баён таъмин ва дастрасии ӯро ба ҳимояи ҳуқуқҳояш муҳаё созад", - омадааст дар изҳороти Эътилофи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ.
Катя Балхибоева, ҳамсари Абдуллоев 27 сентябр дар бораи нопадидшавии рӯзноманигор хабар дод. 29 сентябр кормандони пулис манзили Абдуллоевро кофтукоб карданд.
Пулис хабар дод, ки Абдуллоеви 44-сола бо гумони дуздӣ боздошт шудааст. Миноят Парпиева, вакили дифои тошкандӣ хабар дод, ки рӯзноманигор дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ (ХМА) нигаҳдорӣ мешавад. Парпиева гуфт, ХМА ба ӯ иҷозаи мулоқот бо Абдуллоевро надодааст.
Бобомурод Абдуллоев - рӯзноманигори соҳаи варзиши Узбекистон аст, ки лоиҳаи "Овози озодӣ"-ро таъсис додааст. Вай ҳамчунин дар лоиҳаи Институти ҷанг ва сулҳи Лондон ба ҳайси хабарнигор фаъолият кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |