Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Алихон Холиқов, муовини аввали райиси ин ноҳия иттилоъ дод, дар ҳудуди минтақа 68 адад тракторҳои чархии шудгоркунанда ва 16 адад тракторҳои тасмачарх дар мавсими шудгор омодаи коранд: «Тақрибан ҳамаи ин техникаҳо хусусӣ мебошанд, вале дар мавриди корҳои кишоварзӣ бо ташвиқоти масъулин ба саҳро баромада, кор мекунанд»
Тибқи иттилоъи манбаъ, деҳқонони ноҳия бояд дар майдони 5840 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронанд. Майдони заминҳои лалмӣ тақрибан ба пуррагӣ ба анҷом расидааст. Боқӣ заминҳои обӣ мебошанд, ки ба андешаи муовини райис, аввали баҳор кишту кори он ҳам оғоз мегардад. Бино ба қавли ӯ, дар ноҳия 13.210 гектар майдони кишти заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 5200 гектари онро пахта ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта то имсол барои аввалин маротиба кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ аз ӯҳдаи иҷрои дурнамои ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус пахтаву ғалла ба пуррагӣ баромадаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |